Дар доираи сафар ба Ҷумҳурии мардумии Чин ҳайати кории вилояти Суғд ба Намоишгоҳи иқтисодии "Янлин" ташриф овард.
Бояд гуфт, ки дар музофоти Шэнсии Ҷумҳурии мардумии Чин ба масъалаи корҳои таҷрибавию илмӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда мешавад.
"Янлин" - минтақаи намоишии маҳсулоти кишоварзӣ ва технологӣ намунаи равшани роҳандозии таҷрибаҳои илмӣ мебошад. Ин намоишгоҳи кишоварзӣ ба таҳия, намоиш ва тиҷоратикунонии технологияҳои нави кишоварзӣ машғул буда, дар ҳудудаш Донишгоҳи кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангали Шимолу Ғарби Чин ҷойгир аст. Минтақаи намоишии "Янлин" — аввалин ва ягона парки миллии намоишии агротехнологияҳои олӣ дар Хитой ба ҳисоб рафта, маркази асосии тадқиқотҳои кишоварзӣ, инчунин пойгоҳи Созмони Ҳамкории Шанхай барои мубодилаи технологияҳои аграрӣ буда, навъҳои пешрафта ва ҳалли инноватсиониро муттаҳид мекунад. Дар ин гӯша намунаи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ҳам ба намоиш гузошта шудааст. Аз соли 1994 инҷониб дар инҷо ярмаркаи дастовардҳои баландтехнологӣ дар соҳаи кишоварзӣ баргузор мешавад, ки соли 2024 зиёда аз 1800 корхона аз 49 кишвари ҷаҳон дар он иштирок карданд. Бинобар ин, метавон гуфт ки "Янлин" на танҳо намоишгоҳ, балки як шаҳри илмию технологӣ аст. Дар намоишгоҳи "Янлин" ҳамзамон корҳои тадқиқотӣ дар самти парвариши навъҳои олии моҳӣ ба роҳ монда шудаанд.
Парвариши моҳӣ дар Янлини музофоти Шэнсӣ намунаи барҷастаи моҳипарварии инноватсионӣ дар минтақаҳои хушки Чин мебошад. Ҳавзҳои анъанавӣ дар инҷо пурра иваз карда шуда, тавассути коркарди муштарак, ба монанди филтиратсияи физикӣ ва тозакунии биологӣ, дар реҷаи нави "фабрикӣ"-и парвариши моҳӣ дар замини хушк дар дохили кишвар амалӣ карда шудааст. Хусусияти муҳими ин усул, пеш аз ҳама, вобастагӣ надоштан аз табиат мебошад. Система вобастагии моҳипарвариро аз обанборҳои табиӣ комилан тағйир медиҳад ва барои минтақаи хушк манбаи устувори сафедаи обӣ фароҳам меорад. Ҳамзамон, бо ин усул моҳӣ бидуни паразитҳо ва антибиотикҳо парвариш карда мешавад.
Зимни шиносоӣ бо минтақаи илмии парвариши моҳӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ёдовар шуд, ки дар вилояти Суғд низ ба рушди соҳаи моҳипарварӣ диққати махсус зоҳир карда мешавад ва мисоли ин ташкили ҳавзҳои парвариши моҳӣ дар ноҳияҳои Ашту Ҷаббор Расулов мебошад. Ба соҳибкорони вилоят тавсия дода шуд, ки бо ин марказ ҳамкорӣ намуда, дар фаъолияти минбаъдаи худ дар самти моҳипарварӣ аз таҷрибаи онҳо истифода баранд.
Дар токзори омӯзишии таҷрибавии "Янлин" бошад, парвариши рустаниҳоро бе истифодаи хок ва парвариши ангурро дар гармхонаҳо ба роҳ мондаанд. Дар ҳудуди боғ технологияҳое ҷамъ оварда шудаанд, ки маҳдудияти об ва хокро барои минтақаҳои хушк аз байн мебаранд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




