Дар шаҳри Сиани музофоти Шэнсии Ҷумҳурии мардумии Чин бо иштироки намояндагони доираҳои тиҷоративу соҳибкории вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Шэнсии Чин бизнес- форуми тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид.
Ҳадафи форум пеш аз ҳама муаррифии имкониятҳои иқтисодии ҳарду минтақа ва фароҳам овардани майдони мусоид ҷиҳати ба роҳ мондани муносибатҳои ҳамкорӣ миёни соҳибкорон ва ширкатҳо ба ҳисоб рафт. Дар оғози форум муовини губернатори музофоти Шэнсӣ Ли Сзюхун ҳайати вилояти Суғдро ба Шэнсӣ хайрамакдам гуфта, изҳори боварӣ кард, ки ин ҳамоиш барои рушди ҳамкориҳои минбаъдаи тарафайн роҳи навро боз хоҳад кард.
Музофоти Шэнсӣ имрӯз аз минтақаҳои тараққиёфтаи Чин ба ҳисоб рафта, аз ҷиҳати иқтисодӣ устувор ва дар самти истеҳсолу тиҷорат пешсаф мебошад. Шаклҳои гуногуни саноат, аз ҷумла саноати сабук, мошинсозӣ, технологияҳои интелектуалӣ, рақамикунонии истеҳсолот, коркарди маъданҳои нодир, истеҳсоли чипҳои электронӣ, техникаи маишӣ, корбурди технологияҳои муосири парвариш ва коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, илму маориф ва ғайра дар ин музофот босуръат рушд ёфта, дар баробари ин, Шэнсӣ омода аст ба хотири рушди оянда муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва зеҳниро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд густариш диҳад.
Зимни суханронӣ дар бизнес-форум Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба ҳам овардани доираҳои тиҷоратию соҳибкории ду кишварро фоли нек номида, аз рушди ҳамкориҳои вилоят бо минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии мардумии Чин изҳори қаноатмандӣ кард. Ба таъкиди ӯ, аз рӯи натиҷаҳои соли 2025 ҳаҷми гардиши мол миёни вилояти Суғд ва Ҷумҳурии мардумии Чин ба беш аз як миллиард доллари ИМА баробар шуда, дар шаш моҳи соли равон бошад, ин рақам 775 миллион долларро ташкил додааст. Чанд соли охир ба иқтисодиёти вилоят дар ҳаҷми беш аз чор миллиард доллар сармояи хориҷӣ ҷалб гардида, 27 лоиҳаи бузурги давлатӣ дар самти ҷалби сармоягузорӣ ба маблағи 300 миллион доллар дар бахшҳои саноат, энергетика, инфрасохтор ва хоҷагии қишлоқ роҳандозӣ карда шудааст, ки аз эътимоди шарикони рушд ба имкониятҳои воқеӣ дар вилоят шаҳодат медиҳад.
Вилояти Суғд имрӯз бо 65 давлати дунё ва институтҳои молиявии байналмилалӣ робитаҳои иқтисодиву тиҷоратиро ба роҳ мондааст. Дар маркази маъмурии вилоят- шаҳри Хуҷанд Минтақаи озоди иқтисодӣ амал мекунад, ки барои шарикони рушд дар мавриди ташкили корхонаҳои муштарак ва пеш бурдани фаъолияти соҳибкорӣ имтиёзҳои заруриро фароҳам овардааст. Дар бахши кишоварзӣ ҳам вилоят имкониятҳои мусоиди сармоягузориро доро буда, ҳамкорӣ аз ҷумла дар бахшҳои пахтакорӣ, боғу токпарварӣ ва чорводорӣ ба мақсад мувофиқ аст. Мавзеъҳои таърихӣ ва иқлими хушобуҳавои вилоят бошад, метавонад ҳамкориҳоро дар самти сайёҳӣ тақвият бахшанд.
Дар бизнес-форуми иқтисодию тиҷоратӣ намояндагони доираҳои соҳибкории ҳарду ҷониб изҳори андеша намуда, доир ба фаъолият, имкониятҳои ҳамкорӣ ва роҳҳои минбаъдаи рушди муштарак табодули андеша намуданд.
Пас аз қисмати расмии бизнес - форум соҳибкорони Суғду Шэнсӣ масъалаҳои ҳамкориро ба таври рӯбарӯ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




