14 июли соли 2026 дар доираи марҳилаи навбатии корҳои демаркатсионии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон намояндагони ду давлат дар қитъае, ки аз нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оғоз меёбад, якҷоя чор сутуни сарҳадӣ насб намуданд.
Ин иқдоми амалӣ идомаи татбиқи созишномаҳои дар сатҳи олӣ бадастомада буда, бозгӯи ҳамкории созанда, эътимоди мутақобил ва иродаи устувори ҷонибҳо дар самти анҷоми корҳои демаркатсионӣ мебошад.
Дарозии умумии сарҳади давлатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон 1008,14 километрро ташкил медиҳад. Дарозии умумии периметри қитъаҳои замин бо мақоми нейтралӣ 14,07 километр аст. Ба анҷом расидани раванди делимитатсияи сарҳади давлатӣ, ки моҳи декабри соли 2002 оғоз гардида буд, дастоварди муҳими таърихӣ маҳсуб ёфта, барои оғози марҳилаи нави муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории байни ду кишвари ҳамсоя заминаи боэътимод фароҳам овард.
Ин натиҷа ба шарофати хиради сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ба даст омад.
13 марти соли 2025 дар шаҳри Бишкек сарони ду давлат Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатиро ба имзо расониданд. Санади мазкур барои таҳкими минбаъдаи эътимод, таъмини суботи дарозмуддат ва рушди устувори минтақаҳои наздисарҳадӣ заминаи мустаҳками байналмилалӣ-ҳуқуқӣ гузошт.
Бо мақсади иҷрои супоришҳои сарони давлатҳо гурӯҳҳои кории демаркатсионии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳайати Комиссияи муштараки демаркатсионӣ таъсис дода шуда, ба татбиқи амалии маҷмӯи чорабиниҳои демаркатсионӣ оғоз намуданд.
Татбиқи амалии ин чорабиниҳо дар асоси супоришҳои сарони давлатҳо, дар рӯҳияи эътимоди тарафайн, шарикӣ ва ҳамкории созанда идома дорад.
Ҷонибҳо бар он назаранд, ки аломатгузории дақиқи сарҳади давлатӣ омили муҳимми таҳкими амнияти минтақавӣ, рушди устувори иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои наздисарҳадӣ, густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва таҳкими муносибатҳои дӯстии байни халқҳои Тоҷикистону Қирғизистон мебошад.
Қобили зикр аст, ки 31 марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон Декларатсияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадиро ба имзо расонида, ба таври фосилавӣ стеллаи рамзӣ дар нуқтаи пайванди сарҳади давлатии се кишварро ифтитоҳ намуда буданд. Ин санади таърихӣ рамзи нави ҳамдигарфаҳмӣ, эътимод ва ҳамсоягии нек дар Осиёи Марказӣ буда, барои таҳкими сулҳу субот, ҳамгироӣ ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ заминаи устувор фароҳам овард.
Корҳои имрӯзаи демаркатсионӣ ва татбиқи пайвастаи созишномаҳои бадастомада идомаи мантиқии сиёсати сулҳпарварона ва дурандешонаи сарони давлатҳо маҳсуб меёбад. Маҳз бо иродаи қавии сиёсӣ, дурандешии давлатӣ ва талошҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди бисёрсолаи гуфтушунидҳо тавассути муколамаи мустақими сиёсӣ ба натиҷаи мусбат расида, барои пойдории сулҳ, таҳкими дӯстӣ ва рушди ҳамкориҳои дарозмуддати байни ду кишвари ҳамсоя заминаи устувор гузошт.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




