Сафари кории ҳайати вилояти Суғд ба музофоти Шэнси ва шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии мардумии Чин

Ҳайати вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба Ҷумҳурии мардумии Чин сафар намуд.

Дар доираи сафари намояндагони вилояти Суғд ба Ҷумҳурии мардумии Чин мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо губернатори музофоти Шэнси Чжао Ган баргузор гардид.
Чжао Ган ҳайати бонуфузи вилояти Суғдро, ки ҷиҳати амалисозии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи Созишномаи бародаршаҳрӣ миёни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музофоти Шэнсии Ҷумҳурии мардумии Чин ба ин минтақа ташриф оварданд, хайрамакдам гуфта, изҳори умед кард, ки ин сафар барои густариши ҳамкориҳои гуногунҷабҳа миёни ду минтақаи калони саноативу кишоварзӣ мусоидат мекунад.
Бояд гуфт, ки музофоти Шэнси аз минтақаҳои босуръат рушдкунандаи Чин ба ҳисоб рафта, ҳамчун "гаҳвораи тамаддуни чинӣ" ном бурда мешавад. Ба маънои дигар Шэнси — яке аз муҳимтарин музофотҳои таърихӣ ва иқтисодии Чин мебошад. Он дар қисмати шимолу ғарби Хитой ҷойгир буда, маркази маъмурии он шаҳри Сиан аст. Ба таъкиди губернатори музофот Шенси имрӯз ҳамкориҳои мутақобиларо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври васеъ ба роҳ мондааст. Маркази маъмурии он шаҳри Сиан дар тӯли таърих нуқтаи ибтидоии Роҳи қадимии Абрешим ба ҳисоб мерафт, ки Хитойро бо Осиёи Марказӣ ва Аврупо мепайваст. Музофоти Шенси имрӯз дар соҳаи мошинсозӣ, истеҳсоли чипҳои электронӣ, мавод аз металҳои нодир, роҳандозии технологияхои муосири парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, нафту маҳсулоти нафтӣ, тилло, маводи кимиёвӣ, саноати сабук, коркарди пӯст ва илму маориф аз пешсафон буда, имрӯз дар донишгоҳҳои ин музофот шумораи зиёди ҷавонони тоҷик ба илмомӯзӣ машғул ҳастанд.
Дар ҷараёни мулоқот Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба губернатори музофоти Шэнси барои пазироии гарм изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки рушди муносибатҳои дипломатию иқтисодӣ миёни ду кишвари дӯсту ҳамҷавор имрӯз дар сатҳи баланд қарор дошта, пеш аз ҳама аз сиёсати хирадмандонаи сарони ду кишвар- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин сарчашма мегирад. Ба имзо расидани Созишномаи бародаршаҳрӣ миёни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музофоти Шэнсии Ҷумҳурии мардумии Чин далели иқдомҳои дурандешонаи роҳбарони ҳарду давлат арзёбӣ мегардад.
Ба таъкиди Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода соли 2025 ҳаҷми гардиши мол миёни вилояти Суғд ва Ҷумҳурии мардумии Чин беш аз як миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод, ки аз ин 505 миллион доллар ба бахши содирот ва 564 миллион доллар ба бахши воридот рост омад. Дар шаш моҳи соли равон бошад, ҳаҷми гардиши мол ба 764 миллион доллар баробар шудааст. Дар нақша аст, ки ин рақам то охири сол ба якуним миллиард расонида шавад.
Дар ин замина, омӯзиши таҷрибаи бойи музофоти Шэнси дар самтҳои гуногун, аз ҷумла саноати кӯҳӣ ва сабук, соҳаи мошинсозӣ, сайёҳӣ, маҳсулоти сохтмонӣ, энергетика, роҳу инфрасохтор, технологияҳои рақамӣ, кишоварзию боғдорӣ, дастрасӣ ба техникаҳои муосири хоҷагии қишлоқ ва омӯзиши кадрҳои соҳибтаҷриба ҳадафи асосии ҳамкориҳои тарафайнро ташкил медиҳад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд