Дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд қаҳвахонаи нави тобистона мавриди истифода қарор гирифт.
Қаҳвахона дар қисми болои тарабхонаи навбунёди меҳмонхона сохта шуда, дорои 60 ҷойи нишаст мебошад. Иншооти нав барои фароҳам овардани шароити мусоиди истироҳату хизматрасонӣ ба меҳмонони дохиливу хориҷӣ ва сокинони шаҳр пешбинӣ гардида, дар рушди соҳаи сайёҳӣ саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Зимни ифтитоҳи қаҳвахонаи тобистона таъкид гардид, ки иншоот дар доираи корҳои созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда, дар баробари мизоҷони меҳмонхонаи «Суғдиён» ба сокинони шаҳр низ хизмат мерасонад.
Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар меҳмонхонаи «Суғдиён» 80 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин буда, барои қабулу хизматрасонӣ ба зиёда аз 300 меҳмон имконият мавҷуд аст.
Дар маросими ба истифода додани қаҳвахонаи тобистона Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба 20 нафар наврасону ҷавононе, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳруманд, туҳфаҳо, аз ҷумла сару либоси мактабӣ, лавозимоти хониш ва кумакҳои молиявӣ тақдим намуд.
Раиси вилоят зимни суҳбат бо онҳо таъкид кард, ки ятимону бепарасторон ва шахсони яккаву танҳо ҳамеша зери таваҷҷуҳу ғамхории доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои дастгирии иҷтимоии онҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




