Раҷаб Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен бо раванди корҳои созандагӣ шинос шуд

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен корҳои ободониву созандагӣ вусъат ёфта, бунёду навсозии иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустӣ идома дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо рафти сохтмони як қатор иншооти иҷтимоӣ дар ноҳия шинос гардид.
Дар маркази ноҳия сохтмони бинои нави Шуъбаи маорифи ноҳия бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Бино аз се ошёна иборат буда, дорои 18 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, китобхона, ҳуҷраи машваратӣ ва ошхона хоҳад буд.
Ҳамзамон, дар Ҷамоати деҳоти Куруш бунёди кӯдакистони нави сеошёна идома дошта, он барои 300 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст. Дар муассиса 10 гурӯҳ, ҳуҷраҳои таълиму истироҳат, утоқҳои санитарӣ, ҳуҷраи ҳамшираи шафқат, ошхона ва дигар инфрасохтори зарурӣ муҳайё мегардад.
Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар ноҳияи Спитамен 13 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 38 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дошта, дар онҳо 33 ҳазору 374 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ба онҳо 2089 нафар омӯзгор дарс мегӯянд. Барои фарогирии хонандагон дар давраи таътили тобистона назди 33 муассисаи таълимӣ истироҳатгоҳҳои назди мактабӣ ташкил гардида, зиёда аз 8500 нафар хонанда аз онҳо истифода мебаранд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба масъулин ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонидани сохтмон ва таъмири муассисаҳои соҳаи маориф, инчунин баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, таъмини иштироки хонандагон дар озмуну олимпиадаҳо ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ дастуру супоришҳо дод.
Дар идомаи сафар роҳбари вилоят аз сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар Ҷамоати деҳоти Куруш низ боздид намуд. Иншоот бо саҳми сокинон бунёд гардида, қарор аст то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирад.
Зимни суҳбат бо сокинон Раҷаб Аҳмадзода таъкид кард, ки бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми гӯшаву канори мамлакат муассисаҳои тандурустӣ бунёду навсозӣ гардида, бо таҷҳизоти муосир таъмин мешаванд. Сокинони деҳот низ бо иштироки фаъолона дар корҳои ободонӣ дар рушди маҳалли зисти худ саҳми арзанда мегузоранд.
Ба масъулин дастур дода шуд, ки дар бунгоҳи тиббӣ бахшҳои момодоягӣ, осебшиносӣ, дандонпизишкӣ ва дигар ҳуҷраҳои хизматрасонӣ ташкил карда шаванд.
Тибқи лоиҳа, бино дорои 11 ҳуҷраи корӣ, ҳуҷраи бистарикунонии рӯзона, доругузаронӣ ва утоқҳои қабулу машваратии табибон хоҳад буд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд