Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба ноҳияи Спитамен сафар карда, бо рафти корҳои саҳроӣ шинос гардид.
Ноҳияи Спитамен ҳамчун яке аз ноҳияҳои кишоварзии мамлакат дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – таъмини амнияти озуқаворӣ, таъмини корхонаҳои саноати сабук ва саноати хӯрокворӣ бо ашёи хом саҳми назаррас мегузорад.
Раиси вилоят нахуст бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Худоёр»-и Ҷамоати деҳоти Турсун Ӯлҷабоев ошноӣ пайдо намуд. Хоҷагӣ дорои 20 гектар замини кишоварзӣ буда, дар 10 гектар пахта, аз ҷумла дар 2 гектар бо усули зери плёнка, дар 4,4 гектар ҷуворимакка ва дар қисми боқимонда пиёз, помидор, бодиринг ва дигар намуди сабзавот парвариш карда мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки баъди ҷамъоварии ҳосили аввал дар як қисми заминҳо кишти такрорӣ гузаронида шуда, ин таҷриба минбаъд низ идома хоҳад ёфт. Ба гуфтаи мутахассисон, пахтаи зери плёнка нашъунамои хуб дошта, барои ба даст овардани ҳосили баланд замина фароҳам овардааст.
Раҷаб Аҳмадзода ба масъулон ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокии пахта, ғалладонагиҳо ва сабзавот, истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин, зиёд намудани майдони кишти такрорӣ, рӯёнидани ду-се ҳосил аз як қитъа, ташкили гӯшаҳои деҳқон ва бо нархҳои дастрас ба фурӯш баровардани маҳсулоти ватанӣ дастуру супоришҳо дод.
Аснои боздид аз хоҷагии деҳқонии «Баландқӯрғон», ки баъди ҷамъоварии ҳосили аввал дар он кишти такрорӣ оғоз шудааст, ба масъулон супориш дода шуд, ки бо иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро афзоиш диҳанд.
Таъкид гардид, ки истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷуда, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва васеъ намудани майдони кишт барои таҳкими амнияти озуқаворӣ ва афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ аҳамияти калон дорад.
Сипас, Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз ҳоли собиқадорони меҳнат Абдурашид Ҷабборов ва Ӯғулҷон Одилова хабар гирифт.
Ба собиқадорон барои хизматҳои арзандаашон дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқ изҳори сипос карда шуда, аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо туҳфаҳо тақдим гардид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




