
Муҳтарам Ҷаноби Олӣ,
Бо камоли эҳтиром Шумо – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, меъмори воқеии сулҳу ваҳдат, бунёдгузори давлати навини тоҷикон ва сиёсатмадори маъруфи сатҳи ҷаҳониро ҷиҳати аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани қатънома дар бораи “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, 2027-2036”, ки аз бузургӣ, фарҳанги воло, сулҳу ваҳдатофарии миллати тоҷик ва сиёсати дурандешонаву хирадмандонаи Шумо - Пешвои муаззами миллат башорат медиҳад, аз номи худ ва сокинони сарбаланди вилояти Суғд сидқан табрику муборакбод гуфта, тани сиҳату хотири ҷамъ ва дар иҷрои рисолати роҳбарии халқу миллат дастоварду муваффақиятҳои пайваста таманно дорам.
Боиси ифтихор аст, ки ин ташаббуси сатҳи ҷаҳонӣ, ки аз ҷониби Шумо - муҳтарам Ҷаноби Олӣ пешниҳод гардид, аз таъриху фарҳанги чандинҳазорсолаи миллати тоҷик сарчашма гирифта, зарурати таҳкими фарҳанги сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва густариш бахшидани гуфтугўи тамаддунҳоро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун заминаи зиндагии шоистаи наслҳои оянда таъкид менамояд. Ба ибораи дигар, қабули ин Қатънома дар баробари нишон додани арзиши сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ дар фарҳанги бостонии мо, инчунин саҳми миллати тоҷикро дар рушди илму маърифат ва тамаддуни ҷаҳонӣ ба оламиён муаррифӣ мекунад.
Ба ин маънӣ, маҳз бо шарофати сиёсати сулҳпарварона, созандаву бунёдкорона ва дурандешонаи Шумо - Ҷаноби Олӣ, дар даврони нави таърихӣ обрўю эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлоламон тавассути саҳми арзишманд гузоштан дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ дар арсаи байналмилалӣ пайваста баланд гардида истодааст.
Сокинони кишвари азизамон хуб дарк мекунанд, ки ин дастоварду муваффақиятҳо бевосита бо ному шуҳрат, хиради воло, сиёсати муваффақона ва талошу кўшишҳои беназири Шумо муҳтарам Пешвои муаззами миллат вобастагии калон дорад.
Дар арафаи солгарди Рўзи ваҳдати миллӣ қабул гардидани ин ташаббуси ҷаҳонӣ мо сокинони вилоятро водор мекунад, ки ба қадру манзалати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, ки бар ивази ҷони ҳазорон фарзандони сарсупурдаи миллат ва талошҳои Шумо - бузургмарди миллату давлати тоҷикон, сиёсатмадори муваффақи сатҳи ҷаҳонӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, расем ва барои ҳифзи ин неъмати бебаҳо боз ҳам бештар талош намоем.
Бори дигар, аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани қатънома дар бораи “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036”-ро ба Шумо - муҳтарам Ҷаноби Олӣ табрику таҳният мегўям.
Таманнои онро дорам, ки истиқлол, сулҳу субот ва ваҳдати миллии тоҷикон бо сарварӣ ва раҳнамоии Шумо – Пешвои муаззами миллат ҳамеша пояндаву ҷовидон ва кишвари азизамон сарсабзу шукуфон бошад!
Ба бахти мардуми тоҷик ҳамеша саломату сарбаланд ва роҳнамои ин халқу миллат бошед, муҳтарам Ҷаноби Олӣ!
Бо эҳтиром,
Раиси вилояти Суғд
Раҷаб Аҳмадзода




