Боздиди Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода аз рафти ҷамъоварии ҳосили картошка дар Панҷакент

Зимни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз хоҷагии деҳқонии ба номи М. Қиёмов боздид намуда, бо ҷараёни ҷамъоварии картошкаи барвақтӣ шинос гардид.

Ба роҳбари вилоят иттилоъ дода шуд, ки дар хоҷагӣ бо истифода аз тухмии серҳосил ва риояи қоидаҳои агротехникӣ ҳосили хуб рӯёнида шуда, айни замон ҷамъоварии маҳсулот идома дорад. Картошкаи истеҳсолшуда ба бозорҳои дохилии мамлакат пешниҳод мегардад.
Раиси вилоят ба истифодаи самараноки замин ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид кард, ки афзоиши истеҳсоли картошка барои таҳкими амнияти озуқаворӣ ва таъмини фаровонии бозор аҳамияти муҳим дорад.
Иттилоъ дода шуд, ки соли ҷорӣ дар шаҳри Панҷакент дар майдони беш аз 2500 гектар картошка кишт шудааст. Ҳамзамон, баъди ҷамъоварии ҳосили барвақтӣ дар заминҳои холишуда кишти такрорӣ ба роҳ монда мешавад. Тибқи нақшаи тасдиқшуда соли 2026 дар хоҷагиҳои ҷамоатҳои деҳоти шаҳр дар маҷмӯъ дар 3878 гектар кишти такрорӣ гузаронида шуда, картошка, сабзавот, полезиҳо, тарбузу харбуза, ҷуворимакка барои дон, лӯбиёгиҳо, офтобпараст ва дигар зироатҳо кишт карда мешаванд.
Зимни суҳбат бо кишоварзон Раиси вилоят ҷиҳати истифодаи тухмии босифат, риояи талаботи агротехникӣ, истифодаи сарфакоронаи об, татбиқи технологияҳои муосир ва сари вақт анҷом додани кишти такрорӣ дастуру супоришҳо дод.
Дар идомаи сафар Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз фаъолияти пойгоҳҳои обкашии шаҳри Панҷакент боздид намуд. Таъкид гардид, ки фаъолияти мунтазами пойгоҳҳои обкашӣ барои сари вақт таъмин намудани заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ аҳамияти калон дорад. Барои беҳтар намудани фаъолияти пойгоҳҳо ва таъмини бемайлони обрасонӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.
Сипас, Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода собиқадорони меҳнат Қаробеков Фарҳод ва Ғиёсова Хуршеда, Гулҷеҳра Ансороваро хабар гирифта, ба онҳо аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои моливу пулӣ тақдим кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд