Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни бунёд як қатор иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва сайёҳӣ шинос шуда, барои сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ ба масъулин супоришҳо дод.
Нахуст роҳбари вилоят аз корхонаи муштараки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Борадтек Тоҷикистон майнинг инвестмент лимитед» боздид кард. Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳудуди корхона коргоҳи нави коркарди ашёи хом сохта мешавад. Барои татбиқи лоиҳа 400 миллион сомонӣ сармоягузорӣ пешбинӣ гардида, бо мавриди истифода қарор гирифтани он 300 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Иқтидори истеҳсолии корхона баъди пурра ба фаъолият оғоз намудан дар як шабонарӯз ба 300 тонна маъдан мерасад.
Раиси вилоят ҷиҳати татбиқи босамари лоиҳа ва иҷрои саривақтии корҳои пешбинишуда ба масъулон дастуру супоришҳо дод.
Дар идома Раҷаб Аҳмадзода бо рафти сохтмони корхонаи нави саноатӣ, ки бо ташаббуси соҳибкори ҷавон Афзалоҳ Дӯстзода бунёд мегардад, шинос шуд. Таъкид гардид, ки мавриди истифода қарор гирифтани иншоот ба афзоиши иқтидори истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оби Ҳафткӯл» истеҳсоли оби нӯшокии бегаз, оби газдор ва шарбатҳо бо истифода аз технологияҳои муосир ба роҳ монда мешавад. Тибқи лоиҳа, баъди ба истифода додани корхона 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, хатҳои истеҳсолӣ аз кишварҳои пешрафта насб хоҳанд шуд.
Дар деҳаи Майкада Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 шинос шуда, ба масъулон ҷиҳати риояи сифати корҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати муқарраргардида мавриди истифода қарор додани иншоот супоришҳо дод.
Дар идомаи сафар роҳбари вилоят аз рафти сохтмони Маркази оши палав ва Маҷмааи сайёҳӣ боздид намуд. Иншоот бо ташаббуси соҳибкор Абдушафеъ Ҳоҷиев бунёд гардида, барои қабули сайёҳону меҳмонон ва рушди инфрасохтори сайёҳии шаҳри Панҷакент пешбинӣ шудааст. Пас аз анҷоми сохтмон беш аз 100 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд.
Раиси вилоят таъкид намуд, ки ҳангоми бунёди маҷмаа истифодаи унсурҳои меъмории миллӣ ва фароҳам овардани шароити муосири хизматрасонӣ бояд дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дошта бошад.
Ҳамчунин Раҷаб Аҳмадзода аз Маркази тиббии «Шифо», ки дар соҳили рӯди Зарафшон ҷойгир аст, боздид кард. Иттилоъ дода шуд, ки марказ бо шароити муосири ташхис, табобат ва истироҳат муҷаҳҳаз гардида, минбаъд ҳамчун табобатгоҳ-осоишгоҳ ба сокинон ва меҳмонон хизмат мерасонад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғ




