Дар соҳили Сирдарёи шаҳри Хуҷанд шиногоҳи нав ба истифода дода шуд

Дар доираи тадбирҳои ободониву фароҳамсозии шароити мусоид барои истироҳату фароғати сокинон дар соҳили Сирдарёи шаҳри Хуҷанд шиногоҳи нав мавриди истифода қарор гирифт.

Дар маросими ифтитоҳи иншоот Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода иштирок намуда, ба фаъолияти шиногоҳ расман оғоз бахшиданд.
Тибқи иттилои масъулон шиногоҳи нав дар паҳлуи Боғи Ғалабаи шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд бунёд гардида, бо инфрасохтори зарурӣ таъмин шудааст. Дар ин мавзеъ соябонҳои истироҳатӣ ва офтобгирӣ, ҳуҷраҳои ивази либос, ҷойҳои нишаст, нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар шароити зарурӣ барои қабули истироҳаткунандагон муҳайё гардидааст. Ҳамзамон барои машқу тамрин ва фароғати шаҳрвандон майдончаҳои махсус омода шудаанд.
Зимни суҳбат бо сокинон Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода таъкид намуд, ки беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ, фароҳам овардани ҷойҳои муосири истироҳат ва таъмини шароити арзандаи фароғати аҳолӣ аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Таъкид гардид, ки минбаъд низ чунин мавзеъҳои истироҳатӣ бунёд гардида, барои кӯдакон ҳавзҳои сунъии махсус низ сохта хоҳанд шуд.
Гуфта шуд, ки шиногоҳ бо риояи талаботи муосири хизматрасонӣ ташкил гардида, метавонад ҳам ба сокинони кишвар ва ҳам ба меҳмонону сайёҳони хориҷӣ хизмат расонад.
Бо дарназардошти оғози мавсими оббозӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба масъулини бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд, инчунин дигар сохторҳои дахлдор ҷиҳати таъмини амнияти шаҳрвандон ҳангоми оббозӣ, ташкили навбатдории доимии наҷотдиҳандагон ва риояи қатъии қоидаҳои бехатарӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Бояд зикр намуд, ки мавриди истифода қарор гирифтани шиногоҳи нав барои фароҳам овардани шароити мусоиди истироҳати сокинон, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар шаҳри Хуҷанд заминаи мусоид фароҳам меорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд