Ба нозирон 10 адад скутери барқӣ ва таҷҳизоти махсуси хизматӣ тақдим гардид

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади таҳкими таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ба нозирони пайроҳадории милитсияи Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд 10 адад скутери барқӣ ва таҷҳизоти махсуси хизматӣ тақдим карда шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суҳбат бо ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ таъкид намуд, ки ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини волоияти қонун, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, махсусан миёни наврасону ҷавонон, аз вазифаҳои муҳимми кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.
Ҳамзамон, роҳбари вилоят ба масъулон ҷиҳати муносибати нек бо шаҳрвандон ва мусоидати ҳамаҷониба ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ ҳангоми ба вуҷуд омадани мушкилот дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд