Дар ноҳияи Зафаробод бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода агрегати нави пойгоҳи обкашии «Мирзочӯл-1» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Иттилоъ дода шуд, ки агрегати нав бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардида, аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ васлу насб шудааст.
Агрегати нав дорои иқтидори 7 ҳазор киловатт буда, дар як сония то 6 метри мукааб обро интиқол медиҳад. Ба истифода додани ин таҷҳизот имконият медиҳад, ки таъминоти оби полезии заминҳои кишоварзӣ боз ҳам беҳтар гардида, фаъолияти пойгоҳи обкашӣ самараноктар ба роҳ монда шавад.
Таъкид гардид, ки айни замон дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дошта, дар онҳо 19 агрегати пуриқтидор ва 10 агрегати иқтидорашон хурд насб шудааст. Бо истифода аз ин пойгоҳҳо беш аз 32 ҳазор гектар замини кишоварзии ноҳия бо оби полезӣ таъмин мегардад. Ҳамчунин, дар ноҳия 800 адад чоҳи амудӣ мавҷуд буда, дар таъмини оби полезӣ саҳми муҳим доранд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба масъулон дастур дод, ки барои истифодаи самараноки шабакаҳои обрасонӣ, таъмини саривақтии заминҳо бо об ва нигоҳдории дурусти таҷҳизот чораҷуйӣ намоянд. Зикр гардид, ки дар шароити мавҷуда таъмини мунтазами зироатҳо бо об омили асосии баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахта мебошад.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки корҳои барқарорсозии қубурҳои баландфишори пойгоҳи обкашии «Мирзочӯл-2» идома дошта, мутахассисон барои сари вақт анҷом додани ин корҳои муҳими инфрасохторӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд.
Дар идомаи сафар Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҳолати нашъунамои пахта дар хоҷагии деҳқонии «Асилбек» шинос шуд. Зимни шиносоӣ маълум гардид, ки хоҷагӣ дорои 30 гектар замин буда, дар 18 гектари он пахта кишт шудааст. Нашъунамои зироат хуб арзёбӣ гардида, деҳқонон барои ба даст овардани ҳосили фаровон умед доранд.
Ҳамчунин аз хоҷагии деҳқонии «Раҳимҷон» боздид сурат гирифт. Дар ин хоҷагӣ дар майдони 2 гектар гандум, 1,5 гектар ҷав ва 4 гектар пахта парвариш карда мешавад. Айни ҳол ҷамъоварии ғалла дар идома дошта, кишоварзон тасмим доранд, ки ҳосилро пурра ғунучин карда, заминҳоро самаранок истифода баранд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода таъкид кард, ки таъмини амнияти озуқавории мамлакат яке аз ҳадафҳои муҳими давлат мебошад. Аз ин рӯ, истифодаи оқилона ва самараноки ҳар ваҷаб замин, ҷамъоварии беталафи ҳосил ва гузаронидани кишти такрорӣ баъди ҷамъоварии ғалладона аз вазифаҳои аввалиндараҷаи кишоварзон маҳсуб меёбад.
Ба масъулони соҳа супориш дода шуд, ки ҷиҳати таъмини устувори заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




