Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо намояндагони САҲА мулоқот намуд

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода Намояндаи махсуси Конфедератсияи Швейтсария оид ба мусоидат ба муколама ва таҳкими эътимод, намояндаи кишвари раискунандаи САҲА дар соли 2026 Серж Румин ва роҳбари Дафтари барномавии САҲА дар Душанбе Саломе Штайбро ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози мулоқот Раиси вилоят ҳайати меҳмононро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, аз саҳми Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар татбиқи лоиҳаҳои гуногун дар вилояти Суғд ёдовар шуд.
Таъкид гардид, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ эътироф гардида, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд ва демократӣ шинохта мешавад.
Дар мулоқот ҷонибҳо саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими сулҳу ваҳдат дар кишвар ва минтақа назаррас арзёбӣ намуданд. Аз ҷумла, ба имзо расидани Эъломияи Хуҷанд миёни Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон ҳамчун рӯйдоди муҳиму саривақтӣ дар раванди таҳкими муносибатҳои ҳамсоягии нек арзёбӣ гардид.
Зикр шуд, ки дар шароити тағйирёбандаи авзои ҷаҳонӣ ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдат ва густариши ҳамдигарфаҳмӣ дар Осиёи Марказӣ омили муҳими рушди устувори минтақа ба шумор меравад.
Ҳайати меҳмонон аз пазироии самимӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки вилояти Суғд дар масири рушди устувор қарор дошта, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ метавонад самаранок бошад.
Дар ин замина ҷонибҳо изҳор доштанд, ки САҲА метавонад дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои маориф, тандурустӣ, энергияи сабз ва рушди ҷамоату деҳот саҳми назаррас гузорад.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкориҳо ва тавсеаи лоиҳаҳои муштарак табодули афкор намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд