Раҷаб Аҳмадзода бо иштирокчиёни XI Форуми байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» мулоқот намуд

Дар доираи баргузории XI Форуми байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҳайати иштирокчиёни форум, ки аз кишварҳои гуногуни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Тоҷикистон омадаанд, мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқот роҳбари вилоят меҳмононро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки Тоҷикистон ба рушди ҳамкориҳои гуманитарӣ ва таҳкими дӯстии байни насли наврас аҳамияти махсус медиҳад.
Қайд гардид, ки Форуми байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод», ки бо ибтикори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Тоҷикистон баргузор мегардад, ба минбари муҳим барои табодули фарҳанг, густариши робитаҳои дӯстона ва таҳкими ҳамдигарфаҳмии байни кӯдакону наврасони кишварҳои Иттиҳод аст.
Раҷаб Аҳмадзода зимни суханронӣ таъкид кард, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбияи насли соҳибмаърифат ва ватандӯст таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Таъкид гардид, ки дар мамлакат барои рушди қобилияту истеъдоди ҷавонон, дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, машғул шудан ба варзиш, иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ тамоми имкониятҳои зарурӣ муҳайё гардидааст.
Роҳбари вилоят баргузории чунин форумҳоро омили муҳим барои таҳкими дӯстӣ, эҳтироми мутақобила ва шиносоии бештари ҷавонон бо таърих, фарҳанг ва суннатҳои миллатҳои гуногун арзёбӣ карда, изҳори итминон намуд, ки робитаҳои дӯстонае, ки дар доираи форум ба вуҷуд меоянд, дар оянда ба густариши ҳамкориҳои байни кишварҳои Иттиҳод мусоидат хоҳанд кард.
Дар фарҷоми мулоқот Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба иштирокчиёни форум туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда, ба онҳо саломатӣ, муваффақият дар таҳсил, дӯстии пойдор ва дастовардҳои нав орзу кард.
Иштирокчиёни форум барои истиқболи самимӣ, меҳмоннавозии мардуми Тоҷикистон ва ташкили сатҳи баланди чорабиниҳо изҳори сипос намуда, таассуроти неки худро аз ҳузур дар вилояти Суғд баён карданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд