Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларусро таҳти роҳбарии муовини якуми раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Могилёв Сергей Савитский ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои байниминтақавиро мавриди баррасӣ қарор дода, таъкид намуданд, ки муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус дар заминаи сиёсати хирадмандонаи сарони ду давлат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко пайваста таҳким ёфта, барои густариши робитаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иброз дошт, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманди вилояти Суғд бо вилояти Могилёв сол аз сол тавсеа ёфта, имрӯз ба сатҳи нави рушд расидааст. Зикр гардид, ки сафари ҳайати вилояти Суғд ба вилояти Могилёв ва санадҳои нави ҳамкории баимзорасида барои татбиқи тарҳҳои муштарак ва рушди робитаҳои дуҷониба такони ҷиддӣ мебахшанд.
Дар ҷараёни мулоқот роҳбари вилоят пешниҳод намуд, ки бо истифода аз таҷрибаи вилояти Могилёв ҳамкориҳо дар самти коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва гӯштӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, саноати сабук, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок густариш дода шаванд.
Муовини якуми раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Могилёв Сергей Савитский аз пазироии самимии ҷониби Тоҷикистон изҳори сипос намуда, омодагии вилояти Могилёвро барои тавсеаи ҳамкориҳои амалӣ бо вилояти Суғд таъкид кард. Зикр гардид, ки ташрифи ҳайати Беларус иштироки он дар Намоишгоҳи байналмилалии савдо ва сармоягузории "Суғд - 2026" барои татбиқи лоиҳаҳои нави муштарак мусоидат хоҳад кард.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо рушди ҳамкориҳоро дар бахшҳои саноат, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, татбиқи лоиҳаҳои агросаноатӣ, инчунин соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва табодули таҷриба муҳим арзёбӣ намуда, барои густариши бештари робитаҳои дӯстона ва шарикии судманд изҳори ҳавасмандӣ карданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




