Дар доираи баргузории Ярмаркаи байналмилалии савдо ва сармоягузории «Суғд-2026» Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кэтрин Смиттон мулоқот анҷом дод.
Зимни суҳбат масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва густариши робитаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати «дарҳои боз»-ро пайгирона амалӣ намуда, бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои созандаро рушд медиҳад. Дар ин замина муносибатҳои Тоҷикистон ва Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир низ сол ба сол таҳким ёфта, барои густариши ҳамкориҳои судманд заминаҳои мусоид фароҳам гардидааст.
Роҳбари вилоят саҳми Сафорати Британияи Кабирро дар татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ баланд арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки имрӯзҳо бо дастгирии шарикони бритониёӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои деҳот як қатор лоиҳаҳои муҳим амалӣ шуда истодаанд, ки ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди инфрасохтори маҳаллӣ мусоидат мекунанд.
Дар идомаи мулоқот Раиси вилоят пешниҳод намуд, ки ҳамкориҳо дар самтҳои иқтисод, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, чорводорӣ, рушди сайёҳӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак боз ҳам густариш дода шаванд. Таъкид гардид, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои фаровони сармоягузорӣ буда, барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ тамоми шароити мусоид муҳайё мебошад.
Хонум Кэтрин Смиттон аз пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки ҳадафи сафари ӯ иштирок дар чорабиниҳои Ярмаркаи байналмилалии савдо ва сармоягузории «Суғд-2026» ва шиносоӣ бо имкониятҳои иқтисодии вилоят мебошад. Ба гуфтаи ӯ, баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ барои пайдо намудани шарикони нав, тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҷалби сармоя нақши муҳим дорад.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона шудаанд, таъкид намуда, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор анҷом доданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




