Дар таърихи ҳар миллат номҳое ҳастанд, ки на танҳо ба як давраи замонӣ, балки ба сарнавишт ва ҳувияти як миллат пайванд доранд. Барои миллати тоҷик номҳои Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммад аз ҷумлаи он шахсиятҳои бузурганд, ки зиндагӣ ва муборизаи онҳо дар душвортарин солҳои садаи бист барои ҳифзи мавҷудияти сиёсӣ, фарҳангӣ ва миллии тоҷикон нақши сарнавиштсоз гузоштааст.
Онҳо аз пешоҳангони андешаи давлатдории миллӣ, бедории ҳувияти тоҷикӣ ва ҳимояи ҳуқуқи мардум буданд ва дар роҳи ормонҳои волои худ ҷон нисор карданд.
Имрӯз, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва шинохташуда дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақоми арзанда дорад, бозовардани хоки турбати ин фарзандони фидоии миллат ба зодбуми онҳо танҳо як иқдоми рамзӣ нест, балки қадами муҳим дар роҳи эҳёи адолати таърихӣ, посдошти хотираи миллӣ ва арҷгузорӣ ба бунёдгузорони давлатдории навини тоҷикон ба шумор меравад.
Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур аз барҷастатарин шахсиятҳои сиёсӣ ва давлатии Осиёи Марказӣ дар даҳсолаҳои аввали асри бист буданд. Дар шароите, ки сарнавишти миллати тоҷик бо мушкилоти бузурги сиёсӣ ва фарҳангӣ рӯ ба рӯ буд, ин ду шахсияти дурандеш барои ташаккули сохторҳои давлатии тоҷикон, рушди маориф, густариши фарҳанги миллӣ ва таҳкими ҷойгоҳи тоҷикон дар минтақа талошҳои бузург анҷом доданд. Хидматҳои онҳо дар раванди таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаклгирии ниҳодҳои давлатӣ бахши ҷудонашавандаи таърихи миллии кишвар мебошад.
Аммо воқеаҳои фоҷиабори солҳои таъқибу саркӯбҳои сиёсӣ дар Иттиҳоди Шӯравии собиқ ҳаёти ҳазорон сиёсатмадор, донишманд ва равшанфикрро қурбон кард. Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур низ аз ҷумлаи қурбониёни он давра гардиданд. Онҳо бо иттиҳомҳои беасос маҳкум шуда, дур аз ватан ҷон бохтанд. Солҳо ном ва фаъолияти онҳо аз саҳифаҳои таърих канор гузошта шуд, аммо ҳақиқатро наметавон ҳамеша пинҳон нигоҳ дошт. Бо гузашти замон адолати таърихӣ барқарор гардид ва миллати тоҷик ҷойгоҳ ва мақоми воқеии ин фарзандони худро дубора шинохт.
Дар канори ин ду Қаҳрамони Тоҷикистон, номи Нисор Муҳаммад низ дар таърихи муосири тоҷикон ҷойгоҳи хос дорад. Ӯ аз ҷумлаи чеҳраҳои равшанфикр, огоҳ ва миллатдӯст буд, ки барои рушди фарҳанг, маърифат ва худшиносии миллӣ саҳми арзанда гузоштааст. Мероси фикрӣ ва маънавии ӯ то имрӯз барои наслҳои нав манбаи илҳом ва омӯзиш мебошад. Ёдоварӣ аз чунин шахсиятҳо дар асл ёдоварӣ аз арзишҳое чун ватандӯстӣ, фидокорӣ, донишпарварӣ ва хизмати содиқона ба мардум аст.
Бозовардани хоки турбати ин фарзандони фарзонаи миллат паёми амиқи маънавӣ ва таърихӣ дорад. Ин иқдом нишон медиҳад, ки миллати тоҷик фарзандони содиқ ва фидоии худро фаромӯш намекунад ва хизматҳои онҳоро ҳамеша қадр мекунад. Миллатҳое, ки ба таърих ва қаҳрамонони худ эҳтиром мегузоранд, дар сохтани ояндаи худ низ муваффақтар мешаванд, зеро хотираи таърихӣ яке аз сутунҳои асосии ҳувияти миллӣ ба ҳисоб меравад.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёи арзишҳои таърихӣ, гиромидошти шахсиятҳои миллӣ ва бозшиносии чеҳраҳои барҷастаи таърихи тоҷикон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст. Номгузории кӯчаву муассисаҳо, бунёди муҷассамаҳо ва ёдгориҳо, нашри осори илмӣ ва таърихӣ ва муаррифии чеҳраҳои миллӣ ба насли ҷавон бахше аз ин сиёсати фарҳангӣ ва ҳувиятсоз мебошад.
Дар ҳамин замина бозовардани хоки турбати Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммад маънии фаротар аз як маросими рамзиро касб мекунад. Ин иқдом нишонаи пайванди насли имрӯз бо гузаштаи пурифтихори миллат ва рамзи эҳтиром ба шахсиятҳое мебошад, ки барои шаъну шараф, озодӣ ва ояндаи тоҷикон ҷони худро дареғ надоштанд. Ин рӯйдод ҳамчунин ба ҷавонон меомӯзонад, ки истиқлол ва давлатдории миллӣ натиҷаи талош ва ҷоннисориҳои фарзандони фарзонаест, ки дар душвортарин шароит аз манфиатҳои миллат ҳимоя карданд.
Имрӯз, дар замоне ки Тоҷикистон дар роҳи рушд, пешрафт ва таҳкими мақоми худ дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои устувор мегузорад, ёд ва номи ин фарзандони содиқи миллат аҳаммияти бештар пайдо мекунад. Онҳо на танҳо бахше аз гузашта, балки ҷузъи ояндаи мо низ ҳастанд, зеро андешаҳо, ормонҳо ва фидокориҳои онҳо ҳамоно чароғи роҳи наслҳои нав ба шумор мераванд.
Бозовардани хоки турбати қаҳрамонони миллат ва чеҳраҳои барҷастаи таърих дар асл бозгардонидани бахше аз хотираи таърихии мардум ба сарзамини аҷдодӣ мебошад. Ин иқдом бори дигар собит месозад, ки миллати тоҷик қадршинос аст ва номи онҳоеро, ки барои озодӣ, шаъну шараф ва сарбаландии ин сарзамин хизмат кардаанд, ҳамеша бо эҳтиром ва ифтихор зинда нигоҳ медорад. Чунин рӯйдодҳо на танҳо пайванди моро бо гузашта мустаҳкам месозанд, балки эҳсоси масъулият дар назди Ватан ва эътимод ба ояндаи дурахшони Тоҷикистонро низ дар қалби наслҳои нав таҳким мебахшанд.
Амирҷон Нурзода,
директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю. Б. Исҳоқӣ




