Шоми 12 май дар Маҷмааи таърихию фарҳангии "Қалъаи Хуҷанд" маросими ҷамъбастии Фестивал-озмуни байналмилалии шашмақом таҳти унвони "Ушшоқи Раҳмонӣ" баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ба ғолибони Фестивал-озмуни байналмилалӣ мукофоти пулиро супориданд.
Фестивал-озмуни байналмилалии шашмақом таҳти унвони "Ушшоқи Раҳмонӣ" бори нахуст ва ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 10-12 май бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ташкил гардида, дар он мақомсароёни Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Эрон, Озарбойҷон иштирок намуданд.
Дар Фестивал-озмун шашмақомхонони “Нури Хуҷанд”-и вилояти Суғд сазовори “Шоҳҷоиза” гардид.
Дастаи ҳунарии “Шашмақом”-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва дастаи ҳунарии “Шашмақом”-и Бухорои Ӯзбекистонро сазовори ҷойҳои аввал донистанд.
Ҷойҳои дуюм ба дастаи “Шашмақом”-и Фарғонаи Ӯзбекистон ва Сардорбек Солиев, овозхони дастаи ҳунарии “Шашмақом”-и шаҳри Хуҷанд насиб гардид. Ҳамчунин, дастаи ҳунарии “Шашмақом”-и Озарбойҷон ва Навбаҳор Шамсиева, сарояндаи ҷавон аз ноҳияи Спитамен соҳиби ҷойҳои сеюм шуданд.
Дар вазъияти тантанавӣ ба барандаи “Шоҳҷоиза” 7 ҳазор доллари амрикоӣ ва ба ғолибони ҷойҳои аввал, дуюм ва сеюм мутаносибан 5 ҳазор, 3,5 ҳазор ва 2 ҳазор долларӣ тақдим гардид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




