Боздид аз рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Конибодом

Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Конибодом Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо раванди сохтмони коргоҳи бастубанди меваи хушк шинос гардид. Иншоот аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шуда, дар Ҷамоати деҳоти Патар ҷойгир аст.

Иттилоъ дода шуд, ки пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ коргоҳ бо таҷҳизоти муосир таъмин гардида, барои коркард ва бастубанди меваҳои маҳаллӣ ба фаъолият оғоз мекунад.
Бунёди чунин коргоҳ имкон медиҳад, ки маҳсулоти кишоварзӣ коркард шуда, ҳам бозори дохилӣ таъмин ва ҳам содироти он ба кишварҳои хориҷӣ густариш ёбад.
Ҳамзамон дар шаҳр корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома доранд. Аз ҷумла, дар боғи фарҳангию фароғатии «Истиқлол» фаввораҳо бунёд шудааст, ки барои истироҳати сокинон мусоидат менамояд.
Зимни муаррифии лоиҳа ба роҳбари вилоят иттилоъ дода шуд, ки боғи мазкур дар масоҳати тақрибан 2 гектар бунёд гардида, дорои зиёда аз 20 намуди аттраксион, фаввораҳои замонавӣ, нишастгоҳҳо ва дигар инфрасохтори хизматрасонӣ мебошад.
Фаввораҳои муосир рангоранг ва дар ҳамоҳангӣ бо мусиқӣ фаъолият намуда, ба боғ ҳусни тоза зам мекунанд. Айни замон боғ ба макони дӯстдоштаи сокинон ва меҳмонони шаҳр табдил ёфта, махсусан дар шомгоҳон шумораи зиёди шаҳрвандон барои истироҳат ба ин ҷо меоянд.
Дар доираи сафар, Раиси вилоят инчунин бо раванди сохтмони иншооти соҳаи маориф шинос шуда, аз ҳолу аҳволи чанде аз собиқадорони меҳнат хабар гирифт ва ба онҳо кумакҳои моддӣ расонид.

Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд