Азхудкунии заминҳои бекорхобида дар Конибодом

Дар Конибодом 748 гектар заминҳои солҳои тӯлонӣ бекорхобидаи мавзеи Тӯқай дубора ба гардиши кишоварзӣ ворид карда мешаванд.
Азхудкунии заминҳо омили муҳим дар афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба ҳисоб меравад. Бо ҳамин ҳадаф, масъулон ва хоҷагидорон тасмим гирифтаанд, ки заминҳои мазкурро мақсаднок истифода намоянд.

Зимни сафари корӣ ба шаҳр Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз ин иқдом истиқбол намуда, зарурати кишти зироатҳои серҳосил ва мутобиқ ба иқлимро таъкид кард.
Гуфта шуд, ки татбиқи чунин лоиҳаҳо дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди иқтисодиёт мусоидат мекунад.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, аз масоҳати умумии 748 гектар, 450 гектар тавассути пойгоҳи обкашии «Пойминная» ва 298 гектар аз ҳисоби Канали калони Фарғона бо оби полезӣ таъмин мегардад.
Дар асоси нақшаи кишт, 283 гектар барои пахта, 200 гектар барои шолӣ ва полезиҳо ва қисми боқимонда барои зироатҳои ғалладона ҷудо шудааст. Заминҳо дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Пӯлотон ва Фирӯзоба ҷойгир буда, барои парвариши намудҳои гуногуни зироат мусоид арзёбӣ мешаванд.
Сипас, роҳбари вилоят дар ҷамъияти саҳҳомии ба номи Энаҷон Бойматова дар маъракаи кишти пахта иштирок намуд.
Раиси вилоят ба масъулон дастур дод, ки истифодаи самараноки замин, риояи муҳлати агротехникӣ ва таъмини ҳосили баландро таъмин намоянд.

Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд