Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад

Дар вилояти Суғд ҷиҳати рушди соҳаи саноат, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, бунёди корхонаҳои хурду бузург ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тадбирҳои муҳим амалӣ гардида истодаанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо раванди васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ дар як қатор корхонаҳои нави саноатӣ шинос шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар минтақа бо саҳми гуруҳи ширкатҳои “Фаровон” якчанд коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд гардида, марҳила ба марҳила ба истифода дода мешаванд. Аз ҷумла, коргоҳи истеҳсоли равғани растании ҶДММ “Ирода-инвест” дар заминаи дастуру супоришҳои Сарвари давлат таъсис ёфта, иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз то 200 тонна арзёбӣ мегардад. Дар ин коргоҳ равған аз донаи офтобпараст, чигит ва дигар зироатҳои равғандеҳ бо истифода аз таҷҳизоти муосир истеҳсол ва дар маҳал банду баст карда мешавад.
Раиси вилоят аз ташаббусҳои соҳибкорон истиқбол намуда, ба масъулин дастур дод, ки корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизотро бо сифати баланд ба анҷом расонанд.
Ҳамзамон, гуруҳи ширкатҳои “Фаровон” нақша дорад, ки дар самти коркарди гандум ва истеҳсоли орд барои макарон лоиҳаҳои навро амалӣ намояд. Ин таҷриба дар миқёси ҷумҳурӣ бори аввал татбиқ гардида, барои зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти макарон мусоидат хоҳад кард. Бино ба иттилои масъулин, корхонаи нав қобилияти коркарди то 600 тонна гандумро дар як шабонарӯз ва беш аз 200 ҳазор тонна дар як сол дорад.
Дар идомаи сафар роҳбари вилоят бо рафти корҳои сохтмонӣ дар корхонаи нави ҶДММ “Фатир Агро” шинос шуд. Тибқи маълумот, дар сурати мавриди истифода қарор гирифтани корхона, имкони коркарди то 1000 тонна гандум дар як шабонарӯз фароҳам мегардад. Таҷҳизоти истеҳсолӣ аз кишварҳои пешрафта ворид гардида, баъди ба фаъолият оғоз намудан, садҳо ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад. Айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар иншоот 70 фоиз анҷом ёфта, дар назар аст, ки он то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода шавад.
Ҳамчунин, дар шаҳраки Ғафуров боз як корхонаи нави саноатӣ бо саҳми ҶДММ “Зартахта” бунёд гардида истодааст. Корхона бо мақсади таъмини бозори дохилӣ бо масолеҳи сохтмонӣ дар масоҳати 5 ҳазор метри мураббаъ сохта шуда, бо таҷҳизоти муосири аз Ҷумҳурии Мардумии Чин воридгардида муҷаҳҳаз мегардад. Дар он истеҳсоли плитаҳои сементӣ-нахӣ ба роҳ монда шуда, иқтидори шабонарӯзии он 2–2,5 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Таъкид гардид, ки бо назардошти вусъати корҳои ободонӣ ва сохтмон, талабот ба чунин маҳсулот рӯ ба афзоиш аст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода саҳми соҳибкоронро дар рушди соҳаи саноат ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат муҳим арзёбӣ намуда, ба масъулин дастур дод, ки бо истифодаи самараноки имкониятҳо рушди минбаъдаи соҳа таъмин карда шавад.
Бо татбиқи чунин лоиҳаҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш ёфта, сатҳи таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор беҳтар мегардад.

Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд