Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кишти пахта идома дорад

Дар бригадаи 8-уми кооперативи тиҷоратии хоҷагии ҷамоавии ба номи Турсунбой Қӯшатови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кишти пунбадона бо усули зери плёнка оғоз гардид.
Зимни боздид Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода истифодаи таҷрибаҳои пешрафтаи соҳаи пахтакориро муҳим арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки чунин усул барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва таъмини рушди соҳа заминаи мусоид фароҳам меорад.

Гуфта шуд, ки кишту парвариши пунбадона дар зери плёнка имконият медиҳад, ки хоҷагидорон ҳосили фаровон ба даст оранд. Соли равон дар хоҷагии ҷамоавии мазкур масоҳати кишти пунбадонаи зери плёнка ба 200 гектар расонида мешавад.
Дар идома роҳбари вилоят дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҳоли собиқадори меҳнат Фатҳиддин Нуриддинов хабар гирифт. Мавсуф беш аз 45 сол дар хоҷагии ба номи Абдураҳим Ҷумаев фаъолияти пурсамар дошта, дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва тарбияи шогирдон саҳми арзанда гузоштааст.
Ба Фатҳиддин Нуриддинов барои хизматҳои шоён дар соҳаи кишоварзӣ ва тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ туҳфаҳои моливу пулӣ тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд