
Имрӯз дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода баргузор гардид.
Дар машварат масъалаи вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори санаҳои фархундаи миллӣ, аз ҷумла таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуд.
Нахуст Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода таъкид кард, ки бо мақсади амалисозии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави вилоят корҳои ободониву созандагӣ рӯз то рӯз вусъат гирифта, бунёду азнавсозии як қатор иншооти муҳими хоҷагии халқ идома дорад.
Зикр шуд, ки шаҳри Хуҷанд ҳамчун маркази маъмурии вилоят бояд намунаи ибрат бошад ва масъулинро зарур аст ба бунёди иншооти ҷашнӣ, сабзу хуррам нигоҳ доштани шаҳр ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.
Дар машварат масъалаҳои иҷрои уҳдадориҳои мақомоти маҳаллии шаҳру ноҳияҳо ва бахшу идораҳо ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъсиси корхонаҳои қабул ва коркарди пахтаву чарм то марҳилаи ниҳоӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватании ба содирот нигаронидашуда мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин ба таъмиру навсозӣ ва васеъ намудани роҳҳои мошингард, риояи талаботи меъёрҳои сохтмонӣ ҳангоми бунёди биноҳои баландошёна, таъсиси майдончаҳои варзишӣ ва ҷойҳои бозии кӯдакон дар назди иншооти навбунёд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардид.
Дар бахши кишоварзӣ масъалаҳои ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, яхобмонӣ, омодагӣ ба кишти барвақтии картошка, харид ва захираи тухмиҳои хушсифат ва техникаи кишоварзӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини корхонаҳои консервабарорӣ ва истеҳсоли хушкмева бо ашёи хоми ватанӣ баррасӣ шуда, ба масъулон супоришҳо дода шуд.
Илова бар ин, барои бунёду навсозии муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ, толорҳо ва майдонҳои варзишӣ, ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим, ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо падару модарон ва пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон дар назди масъулин вазифагузорӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои фаровон ва мавзеъҳои таърихиву сайёҳӣ буда, ҳамасола шумораи зиёди сайёҳони дохиливу хориҷӣ аз он дидан менамоянд. Аз ин рӯ, ба сабзу хуррам, тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо ва муҳити зист бояд аҳамияти аввалиндараҷа дода шавад.
Раиси вилоят ба масъулини соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ дастур дод, ки истифодаи мақсаднок ва оқилонаи ҳар ваҷаб замин, таҳияи лоиҳаҳои мутобиқ ба нақшаи генералӣ, бунёди иншооти гуногунсоҳа бо дизайни муосир, инчунин сохтмони майдончаҳои варзишӣ ва таваққуфгоҳҳо дар назди биноҳои баландошёнаи истиқоматиро зери назорати ҷиддӣ қарор диҳанд.
Дар фарҷом ба масъулин ҷиҳати таҳкими ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастии ҷавонону наврасон ва боз ҳам густариш додани корҳои ободониву созандагӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




