Мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо собиқадорони меҳнат

27 декабри соли 2025 Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар арафаи таҷлили Соли нави мелодӣ бо собиқадорони меҳнат ва шахсиятҳои барӯманд мулоқот намуд.

Зимни суҳбат Раиси вилоят таъкид кард, ки соли 2025 барои кишвар ва вилояти Суғд бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст мегардад. Ба гуфтаи роҳбари вилоят дар натиҷаи меҳнати софдилона ва заҳмати шабонарӯзии мардуми кишвар корҳои ободонию созандагӣ вусъат ёфта, татбиқи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ба беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат намуда истодааст. Таъкид гардид, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд беш аз 12 ҳазор иншооти гуногун ба истифода дода шуда, бунёди иншооти иловагӣ идома дорад.

Тазаккур дода шуд, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025 дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун соли бобарору хотирмон сабт гардид. Дар ин соли таърихӣ мушкилоти марзии тайи беш аз сад соли охир халношудаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ҳал гардида, Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам овард.

Сокинони вилоят аз он сарафрозанд, ки соли 2025 Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се маротиба бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварда, садҳо иншооти ҳаётан муҳимро мавриди истифода қарор доданд.

Раҷаб Аҳмадзода зикр намуд, ки масъалаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дастгирии нафақагирону собиқадорони меҳнат ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қарор дорад. Дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида шуда, барои фароҳам овардани шароити шоистаи зиндагӣ чораҳои зарурӣ роҳандозӣ мегарданд.

Дар мулоқот ҳамчунин нақши Шӯрои собиқадорони вилоят махсус таъкид шуда, гуфта шуд, ки ин ниҳод бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят фаъолият намуда, дар татбиқи сиёсати давлатӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва меҳнатдӯстӣ саҳми арзанда мегузорад.

Раиси вилоят изҳори боварӣ намуд, ки собиқадорони меҳнат минбаъд низ бо истифода таҷрибаи ғанӣ ва бо маслиҳатҳои судманди худ дар рушди устувори ҷомеа ва тарбияи маънавии ҷавонону наврасон нақши муассир хоҳанд дошт.

Дар фарҷом ба иштирокчиёни мулоқот таманниёти нек ба муносибати Соли нави мелодӣ изҳор гардида, туҳфаҳои идона тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд