
Бахшида ба Соли нави мелодӣ имрӯз дар шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардид. Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз ҷараёни ярмарка-фурӯши маводи ғизоӣ боздид намуда, ҷиҳати таъмини фаровонии маҳсулот ва пешниҳоди он бо нархҳои нисбат ба бозор арзон ба роҳбарияти идораҳои дахлдор супоришҳои мушаххас дод.
Дар ярмарка маҳсулоти гуногуни ниёзи аввалия, аз ҷумла гӯшт, макарон, орд, равған, шакар, меваву сабзавот, полезиҳо, нон, маҳсулоти шириву гӯштӣ, инчунин обу афшураҳо ба сокинон пешниҳод гардид. Ин тадбир ба беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти босифату дастрас ва ғанӣ гардонидани дастархони идонаи мардум равона шудааст.
Қайд гардид, ки дар натиҷаи амалисозии барномаҳои соҳавӣ ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи кишоварзӣ таъмин гардида, фаровонии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳо ба назар мерасад.
Бояд таъкид кард, ки дар ёздаҳ моҳи соли равон дар вилоят истеҳсоли сабзавот 709678,5 тонна, аз ҷумла пиёз 211295,2, картошка 743651,8, полезӣ 169985,0, мевагиҳо 269906,5, аз ҷумла зардолу 181940,4, себ 58474,5, ангур 62827,2 ва зироатҳои хӯроки чорво 537165,2 воҳиди хӯрока ба ҳисоб гирифта шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 суръати афзоиши истеҳсоли сабзавот 106,3 фоиз, аз ҷумла пиёз 102,8, картошка 113,5, мевагиҳо 117,2, аз ҷумла зардолу 119,7, себ 112,4, ангур 101,7 ва зироатҳои хӯроки чорво 106,3 фоизро ташкил намудааст.
Истеҳсоли гўшти чорвою паранда бо вазни зинда 83132,4 тонна, аз ҷумла гӯшти паранда 21147,4, моҳӣ 924,9, шир 295935,6 тонна, тухм 850,1 миллион дона, асал 1317,2 тонна, пилла 65,7 ва пашм 1747,6 тоннаро ташкил намуда, суръати афзоиши гӯшти чорвою паранда 114,2 фоиз, аз ҷумла гӯшти паранда 115,3, моҳӣ 111,1, шир 106,4, тухм 120,6 фоиз таъмин шудааст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




