
25 декабр зимни боздиди корӣ аз шаҳри Гулистон Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба мақомоти милитсияи шаҳр як адад нақлиёти сабукрави барқӣ (электромобил) тақдим намуд.
Раиси вилоят ҳамзамон бо кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Гулистон мулоқот карда, фаъолияти онҳоро дар самти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон муҳим арзёбӣ намуд ва ба онҳо дар иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ барору муваффақият орзу кард.
Таъкид гардид, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шароити мусоиди хизматӣ ва иҷтимоӣ фароҳам оварда шудааст.
Кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Гулистон изҳор доштанд, ки дар ҷавоб ба эътимод ва дастгириҳои роҳбарияти давлату Ҳукумат минбаъд низ барои таъмини суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон бо масъулияти баланд фаъолият хоҳанд кард.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




