
Имрӯз, 25 декабри соли 2025 дар толори меҳмонхонаи «Суғдиён» ҷаласаи нуҳуми Шӯрои соҳибкорӣ ва сармоягузории назди Раиси вилояти Суғд баргузор гардид.
Ҷаласа таҳти роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва бо иштироки Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, ба мавзӯи «Андоз ва рушди соҳибкорӣ» бахшида шуд.
Дар ҷараёни ҷаласа нахуст ҳисоботи котиби Шӯро Шарифҷон Ахмедов оид ба фаъолияти Шӯро ва натиҷаҳои ҷаласаи қаблии он шунида шуд. Таъкид гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии давлатии ҳама намуди фаъолияти соҳибкорӣ, бахусус, соҳибкории хурду миёна, дар ҳалли масъалаҳои иттилоотӣ, ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявию қарздиҳӣ корҳои муайянро амалӣ намуд.
Дар вилоят шумораи субъектҳои хоҷагидор ба санаи 1-уми декабри соли 2025 аз аввали бақайдгирӣ 131996 адад, аз ҷумла шумораи субъектҳои соҳибкории инфиродӣ 122063 ададро ташкил намуда, аз рӯи патент 22317 нафар, шаҳодатнома 11420 нафар, шаҳодатнома бо шартҳои махсус 20256 нафар ва хоҷагиҳои деҳқонии оилавию инфиродӣ 68070 адад фаъолият мебаранд. Шахсони ҳуқуқӣ 9883 адад ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ 50 адад ба қайд гирифта шудаанд.
Баҳри фароҳам овардани муҳити мусоиди инвеститсионӣ дар доираи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ корҳои муайян ба сомон расонида шуда, дар моҳҳои январ-сентябри соли 2025 ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 836,9 миллион доллари амрикоӣ сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардидааст, ки баробари 105,2 фоизи ҳаҷми сармоягузориҳои ҷалбшуда дар ҳамин давраи соли 2024 мебошад. Аз ҷумла, ба маблағи 631,3 миллион доллар сармояи хориҷӣ ва ба маблағи 205,6 миллион доллар сармояи ватанӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят равона шудааст.
Сипас, масъалаи қабули аъзои нави Шӯро ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Раиси вилояти Суғд аз 29 декабри соли 2023, №416 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар идома оид ба сиёсати андозу андозбандӣ ва рушди соҳибкорӣ, ҳамзамон дар мавзӯҳои "Нақши сиёсати андоз дар рушди соҳибкориву сармоягузорӣ", "Такмили андозбандӣ дар низоми таъмини рушди иқтисодиёт ва фаъолнокии инноватсионӣ", "Муаррифии имкониятҳои сармоягузории Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон", "Гузариш тавассути рушди занҷираҳои арзиши иловагӣ дар соҳаи пахта" гузоришҳои масъулину шарикони рушд шунида шуд.
Зимни суҳбати озод соҳибкорон пешниҳодҳо ва мушкилоти мавҷударо матраҳ намуда, оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ фикру андешаҳои худро иброз доштанд.
Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода дар охир барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузорони дохиливу хориҷӣ ба иқтисодиёт, истифода аз фазои муносиби сармоягузорӣ, ҷалби соҳибкорон ба корҳои ободониву созандагӣ ба масъулон супоришҳо дод.
Дар фарҷом Нақшаи кори Шӯро барои соли 2026 ва ҳамчунин рӯзномаи ҷаласаи даҳум тасдиқ гардида, барои татбиқи пешниҳодҳои манзуршуда қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




