
Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия Раиси вилояти Суғд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Раҷаб Аҳмадзода, вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.
Дар иҷлосия нахуст ҳисоботи Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар ёздаҳ моҳи соли 2025 шунида шуд. Чуноне маълумот дода шуд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар 11 моҳи соли ҷорӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд.
Дар раванди таъмини самтҳои афзалиятноки ҳуҷҷатҳои стратегӣ, аз қабили “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” чораҳои таъхирнопазир андешида, иҷрои ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон – баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишварро бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ маҳаки асосӣ қарор дода, ҷиҳати иҷрои чор ҳадафи стратегӣ–таъмини истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, саноатикунонии босуръати кишвар, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, инчунин вусъат додани шуғли пурмаҳсул ҳамаи захираву имкониятҳо ҷалб шуданд.
Бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъсиси коргоҳҳои нави саноатӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, тавсеаи раванди рақамикунонии соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, рушди соҳаҳои савдою хизматрасонӣ, дастгирии соҳибкорӣ, сохтмон ва шаҳрсозӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва боғу токзор, афзоиши саршумори чорво, ривоҷи соҳаҳои тухмипарварӣ ва зотпарварӣ, беҳтар намудани обрасонӣ, барқарор намудани пойгоҳҳои обкашӣ, азхудкунии заминҳои нав, баланд бардоштани боздеҳи замин, рушди ҳунарҳои мардумӣ, рушди нерӯи зеҳнӣ ва баланд бардоштани маърифати хуқуқии шаҳрвандонро аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор дод.
Таҳлилҳо собит менамоянд, ки аксарияти нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мусбат арзёбӣ гардида, суботи макроиқтисодӣ таъмин шудааст.
Нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар 11 моҳи соли 2025 ба андозаи 106,2 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 5638,3 миллион сомонӣ ворид шуд, ки аз нақша 327,2 миллион сомонӣ зиёд аст.
Нақшаи воридоти андоз аз даромади шахсони воқеӣ 111,3 фоиз ё 159,7 миллион сомонӣ барзиёд, андоз аз арзиши иловашуда 116,9 фоиз ё 125,7 миллион сомонӣ, андоз аз истифодаи захираҳои табиӣ 121,6 фоиз ё 173,9 миллион сомонӣ, андоз аз молу мулк 110,2 фоиз ё 41,9 миллион сомонӣ, низомҳои соддакардашудаи андозбандӣ 101,4 фоиз ё 5,5 миллион сомонӣ ва боҷи давлатӣ 100,8 фоиз ё 411,0 ҳазор сомонӣ барзиёд таъмин гардидааст.
Дар 11 моҳи соли 2025 нақшаи воридоти маблағ ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 1349,9 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои нақша 1435,5 миллион сомонӣ таъмин шуд, ки баробари 106,3 фоизи нақша мебошад. Иҷрои нақшаи воридоти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 111,4 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 804,2 миллион сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбати нақшаи ёздаҳмоҳа 82,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2025 талаботи нафақа ва кӯмакпулиҳо ба маблағи 1362,5 миллион сомонӣ муайян гардида, пурра пардохт шудааст. Дар 11 моҳи соли 2025 ба буҷети маҳаллии вилоят 4023,5 миллион сомонӣ маблағ ворид гардида, барзиёдиҷрошавӣ 290,8 миллион сомониро ташкил дод, ки баробари 107,8 фоизи нақша мебошад. Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 3795,98 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он ба маблағи 3790,6 миллион сомонӣ таъмин шуд, ки баробари 99,9 фоизи нақша мебошад.
Таваҷҷуҳ ба соҳаҳои иҷтимоӣ бештар гардида, ба соҳаҳои маориф 2075,9 миллион сомонӣ, тандурустӣ 962,7, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 25,3, фарҳангу варзиш 209,1, дар маҷмўъ, 3273,0 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона гардид, ки 86,3 фоизи хароҷоти умумии буҷети маҳаллии вилоятро ташкил медиҳад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати дастгирии давлатии ҳама намуди фаъолияти соҳибкорӣ, бахусус, соҳибкории хурду миёна, дар ҳалли масъалаҳои иттилоотӣ, ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявию қарздиҳӣ корҳои муайянро амалӣ намуд.
Дар вилоят шумораи субъектҳои хоҷагидор ба санаи 1-уми декабри соли 2025 аз аввали бақайдгирӣ 131996 адад, аз ҷумла шумораи субъектҳои соҳибкории инфиродӣ 122063 ададро ташкил намуда, аз рӯи патент 22317 нафар, шаҳодатнома 11420 нафар, шаҳодатнома бо шартҳои махсус 20256 нафар ва хоҷагиҳои деҳқонии оилавию инфиродӣ 68070 адад фаъолият мебаранд. Шахсони ҳуқуқӣ 9883 адад ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ 50 адад ба қайд гирифта шудаанд.
Бо назардошти бо суръати баланд ворид шудани унсурҳои иқтисоди рақамӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт, таъмини рушди босубот ва пешгирикунандаи соҳаи калидӣ дар самти таъмини шуғли пурмаҳсул, яъне соҳибкории хурду миёна, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ афзалияти асосиро касб намудааст. Вобаста ба ин, таъмини рушди бонизоми ниҳодҳои молиявӣ, аз ҷумла соҳаи хизматрасониҳои бонкӣ, ҳамчунин, нақлиёт ва коммуникатсия, ки барои рушди соҳибкорӣ заминаи асосиро фароҳам меоварад, зери таваҷҷуҳи пайваста ва дастгирии доимии давлату Ҳукумат қарор дорад.
Дар қаламрави вилоят фаъолияти 11 ташкилоту муассисаи қарздиҳию хизматрасонии бонкӣ, аз ҷумла 2 бонки мустақил, 4 ташкилоти амонатию қарздиҳӣ, 5 фонди қарздиҳии хурд ба роҳ монда шуда, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 106 филиали ташкилотҳои қарздиҳӣ, 510 маркази хизматрасонии бонкӣ ва 11 нуқтаи хизматрасонии хазинавӣ ба аҳолӣ хизмат расонида истодаанд.
Баҳри фароҳам овардани муҳити мусоиди инвеститсионӣ дар доираи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ корҳои муайян ба сомон расонида шуда, дар моҳҳои январ-сентябри соли 2025 ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 836,9 миллион доллари амрикоӣ сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардидааст, ки баробари 105,2 фоизи ҳаҷми сармоягузориҳои ҷалбшуда дар ҳамин давраи соли 2024 мебошад. Аз ҷумла, ба маблағи 631,3 миллион доллар сармояи хориҷӣ ва ба маблағи 205,6 миллион доллар сармояи ватанӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят равона шудааст. Мавриди зикр аст, ки дар заминаи рушди сохтмони биноҳои баландошёна ҳаҷми сармоягузориҳои соҳибкорони ватанӣ нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1,5 баробар афзудааст.
Дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ воридоти сармояи мустақим ба маблағи 187,3 миллион доллар ва ҳар гуна сармоягузориҳо ба маблағи 421,2 миллион доллар ба соҳаҳои иқтисодиёти вилоят равона гардидааст.
Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати беҳтар намудани таъминоти аҳолии вилоят бо молҳои аввалиндараҷа ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳои соҳаи савдо ва хизматрасонӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Ҳаҷми умумии гардиши савдо дар 11 моҳи соли 2025 ба 18810,9 миллион сомонӣ ва суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 104 фоизро ташкил намудааст.
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар моҳҳои январ-ноябри соли 2025 ба 4055,2 миллион доллари амрикоӣ расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 139,3 фоиз таъмин гардид. Ҳаҷми воридот 2521,7 миллион долларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 476,6 миллион доллар ё 23,3 фоиз афзудааст. Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра ба 1533,5 миллион доллар расонида шуда, суръати афзоиш 177,1 фоиз таъмин гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 667,7 миллион доллар зиёд мебошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар оид ба таҳкими нуфузи вилоят ҳамчун минтақаи саноатии мамлакат, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатноку ивазкунандаи воридот, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, густариши иқтидори содиротии вилоят ва дар ин замина таъмини иҷрои ҳадафи саноатикунонии босуръати мамлакат як силсила тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуда истодааст.
Давоми 11 моҳи соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба маблағи 35644,4 миллион сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 128,3 фоиз таъмин гардид. Дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона шуд. Аз ҷумла, дар моҳҳои январ-ноябри соли 2025 ба миқдори 1988,9 ҳазор тонна ангишт истеҳсол ва суръати афзоиш 107,7 фоиз таъмин шудааст.
Ҳамзамон, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба коҳиш додани содироти ашёи хоми саноатӣ ва афзоиш додани коркарди он дар дохили кишвар то маҳсулоти ниҳоӣ ва дар ин замина ба роҳ мондани содироти маҳсулоти тайёри дорои арзиши баланди иловагӣ корбарӣ ба роҳ монда шуда, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сармояи хориҷӣ якчанд корхонаҳои нав бунёд ёфта, сиклҳои пурраи истеҳсолот роҳандозӣ шуданд.
Аз ҷумла, дар заминаи ҶДММ “Ширкати металлургии Анзоб” истеҳсоли металли сурма, ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” истеҳсоли металли сурб ва КМ “Зарафшон” истеҳсоли металли мис ба роҳ монда шуда, барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии дорои арзиши баланди иловагӣ ва афзунгардонии содироти маҳсулоти ниҳоӣ замина фароҳам омадааст.
Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят дар соли 2025 ба истифода додани 140 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ пешбинӣ гардида, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми 11 моҳи соли 2025 дар миқёси вилоят 133 корхонаву коргоҳи нав бо 1442 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд. Корхонаҳои навтаъсис асосан корхонаҳои соҳаи саноати истеҳсоли масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ ва сабукро дарбар гирифта, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда мусоидат намуданд.
Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2025 баҳри сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ тадбирҳо андешида шуда, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи 1322,7 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шудааст. Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ дар ҳаҷми 3469,4 миллион сомонӣ азхуд карда шуда, суръати афзоиш 132,7 фоиз таъмин гардидааст.
Дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 510360 метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуда, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1604 ҷойи талаба, дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ барои 885 ҷой ва дар дармонгоҳҳо барои қабули 80 бемор дар як баст иқтидорҳои иловагӣ бунёд ёфтанд. Дар ин давра ҷиҳати таҳкими корҳои ободониву созандагӣ аз тарафи Идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин бо ҷалби сармояи хориҷию ватанӣ якчанд иншооти ҷашнӣ бунёд гардида, дар доираи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дар соли 2025 таъмиру тармими 2146 километр роҳҳо, аз ҷумла аз таъмири асосӣ баровардани 288 километр роҳ, гузаронидани таъмири ҷории 1078 километр ва шағалпўш намудани 780 километр роҳ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҳисоби буҷети вилоят таъмири асосии 40 километр роҳ ба нақша гирифта шудааст.
Дар 11 моҳи соли ҷорӣ 2917 километр роҳ аз таъмир бароварда шуд, ки аз он 831 километр таъмири асосӣ, 1254 километр таъмири ҷорӣ ва 832 километр шағалпӯш мебошад.
Кишоварзӣ дар вилоят соҳаи афзалиятнок боқӣ мемонад, зеро бо рушди ин соҳа пешрафти соҳаи саноати вилоят алоқаманд буда, дар масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ нақши аввалиндараҷа мебозад.
Дар давраи ҳисоботӣ кишоварзони вилоят ҷиҳати рушди соҳа тадбирҳои судманд андешиданд. Дар натиҷа, ба ҳолати 1-уми декабри соли 2025 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи 24141,0 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуда, суръати афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта 111,2 фоиз таъмин гардид.
Соли ҷорӣ тибқи структураи кишти тасдиқгардида дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 261487,0 гектар замин кишти зироатҳо гузаронида шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят истеҳсоли сабзавот 709678,5 тонна, аз ҷумла пиёз 211295,2, картошка 743651,8, полезӣ 169985,0, мевагиҳо 269906,5, аз ҷумла зардолу 181940,4, себ 58474,5, ангур 62827,2 ва зироатҳои хӯроки чорво 537165,2 воҳиди хӯрока ба ҳисоб гирифта шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 суръати афзоиши истеҳсоли сабзавот 106,3 фоиз, аз ҷумла пиёз 102,8, картошка 113,5, мевагиҳо 117,2, аз ҷумла зардолу 119,7, себ 112,4, ангур 101,7 ва зироатҳои хӯроки чорво 106,3 фоизро ташкил намудааст.
Истеҳсоли гўшти чорвою паранда бо вазни зинда 83132,4 тонна, аз ҷумла гӯшти паранда 21147,4, моҳӣ 924,9, шир 295935,6 тонна, тухм 850,1 миллион дона, асал 1317,2 тонна, пилла 65,7 ва пашм 1747,6 тоннаро ташкил намуда, суръати афзоиши гӯшти чорвою паранда 114,2 фоиз, аз ҷумла гӯшти паранда 115,3, моҳӣ 111,1, шир 106,4, тухм 120,6 ва пашм 102,9 фоиз таъмин шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят 108,4 гектар боғу токзори нав, аз ҷумла 90,6 гектар боғ ва 17,8 гектар токзори нав бунёд шудааст. Ҳамзамон, барқароркунии боғу токзор дар масоҳати 417,8 гектар, аз ҷумла 403,1 гектар боғ ва 14,7 гектар токзори кӯҳна гузаронида шудааст. Боғҳои интенсивӣ дар масоҳати 79 гектар бунёд ёфтаанд, ки аз он масоҳати боғҳои зардолу 14,5 гектар, себ 11, шафтолу 30, олу 13,5, сиёҳолу 5 ва гелос 5 гектарро ташкил медиҳад.
Соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, ин соҳа ҳамчун захираи стратегии инкишофи зеҳнӣ ва омили муҳимтарини таҳкими давлатдорӣ таҳти таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумат қарор дорад.
Дар соли таҳсили 2025-2026 мувофиқи маълумоти оморӣ дар вилоят 307 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла 232 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо, 12 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи ташкилоту корхонаҳо ва 63 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ фаъолият намуда, 51983 кӯдакро ба тарбия фаро гирифтаанд.
Соли таҳсили 2025-2026 дар вилоят 965 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 4 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 42 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 844 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 35 гимназия, 28 литсей, 1 мактаби Президентӣ, 3 мактаб-кӯдакистон, 1 интернати санаторӣ, 4 мактаб-интернати махсус, 3 интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат бо фарогирии 593325 нафар, аз ҷумла 290365 нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Нисбат ба соли таҳсили 2024-2025 шумораи муассисаҳои таълимӣ 3 адад ва шумораи хонандагон 15088 нафар зиёд шудааст.
Дар 11 моҳи соли 2025 дар вилоят 85 иншоот бо 20843 ҷойи нишаст дар ду баст, аз ҷумла дар назди 58 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 301 синфхона бо 16985 ҷойи нишаст дар ду баст, 6 толори варзишӣ, 8 майдончаи варзишӣ ва 27 бинои муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо 3855 ҷой бунёд ва таъмиру азнавсозӣ гардида, мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дар вилоят 944 муассисаи нигаҳдории тандурустии давлатӣ, аз ҷумла 136 муассисаи сохтори госпиталӣ ва 808 муассисаи сохтори КАТС фаъолият доранд. Илова бар ин, 293 муассисаи тиббии хусусӣ, аз ҷумла 157 ҶДММ, 58 намояндагӣ ва 78 соҳибкори инфиродӣ бо фаъолияти тиббӣ машғул ҳастанд. Миқдори катҳо дар муассисаҳои сохтори госпиталӣ 15756 адад, аз ҷумла дар муассисаҳои тиббии давлатӣ 13703 адад ва дар муассисаҳои тиббии хусусӣ 2053 ададро ташкил медиҳад. Ба аҳолии вилоят 5397 табиб ва 18735 корманди миёнаи тиб хизмат расонида истодаанд.
Дар соли 2025 сохтмон ва таъмиру азнавсозии 101 иншооти соҳа, аз ҷумла бунёди 15 иншоот ва таъмиру азнавсозии 86 иншоот ба нақша гирифта шуда, дар ин давра сохтмони бинои бунгоҳи саломатии деҳаи Шамсобод дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, таъмири шуъбаи ҷарроҳии кӯдаконаи Беморхонаи бачагона ва шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказии шаҳри Конибодом, дар деҳоти Понғози ноҳияи Ашт таъмири бунгоҳи саломатӣ бо дастгирии аҳолӣ ва соҳибкорон, таъмири маркази саломатии деҳоти Марҳамат аз ҳисоби маблағҳои суратҳисоби махсуси муассиса ба анҷом расонида шудааст.
Беморхонаи минтақавии деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент пас аз таъмиру азнавсозӣ ва Маркази навбунёди саломатии деҳоти Қалъаи Дӯсти ноҳияи Деваштич зимни сафари кории Сарвари давлат санаҳои 11-12-уми июли соли ҷорӣ ифтитоҳ ёфтаанд. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони биноҳои иловагӣ дар Маркази клиникавии эндокринологии вилоятӣ, Маркази саратоншиносии вилоятӣ ва Беморхонаи шаҳрии №1 бо сифати баланд ба итмом расида, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят санаҳои 18-19-уми ноябри соли ҷорӣ ифтитоҳ гардиданд.
Бо мақсади беҳтар намудани таъминнокии муассисаҳои тиббӣ бо лавозимоту таҷҳизоти тиббӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 980 таҷҳизот ба маблағи 24,8 миллион сомонӣ харидорӣ ва ба муассисаҳои тиббӣ дастрас гардидааст. Аз ҷумла, аз ҳисоби буҷети Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба маблағи 4,2 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби буҷети вилоят ба маблағи 3,9 миллион сомонӣ таҷҳизот харидорӣ ва дастрас гардидааст.
Дар замони муосир таблиғи арзишҳои миллию фарҳангӣ, бедор намудани худшиносиву худогоҳии миллӣ рисолати ҳар фарди ватандӯст маҳсуб меёбад. Дар вилоят 362 китобхона, 133 муассисаи клубӣ, 72 хонаи фарҳанг, 6 клуби сайёр, 23 қаср ва кох, 2 осорхонаи ҷумҳуриявӣ, 1 осорхонаи таърихии вилоятӣ, 15 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ ва 8 хона-осорхона, 3 маҷмааи фарҳангӣ, 1 маркази фарҳангӣ-фароғатӣ, 1 арт-галерея, 1 амфитеатр, 24 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 5 театри халқӣ, 7 театри касбӣ, 2 филармонияи халқӣ, 65 ансамбл, 30 мактаби бачагонаи санъат, мусиқӣ ва рассомӣ фаъолият доранд.
Дар шаҳру ноҳияҳо 1190 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд буда, аз онҳо 13 адад дорои аҳамияти умумибашарӣ, 91 адад аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 1086 адад аҳамияти маҳаллӣ мебошанд. Ин ёдгориҳо муаррификунандаи фарҳанги оламшумули миллати тоҷик буда, барои ҷалби сайёҳон аз хориҷи дуру наздик мусоидат менамоянд.
Дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”, “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2026” ва ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба рушди соҳаи ҷавонон таваҷҷуҳи пайваста зоҳир мегардад.
Мувофиқи маълумоти оморӣ дар вилоят 3022 иншооти варзишӣ, новобаста аз шакли моликияташон ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин 49 варзишгоҳ, 2087 майдончаи варзишӣ, 664 толори варзишӣ, 45 ҳавзи шиноварӣ, 177 маҷмаа ва иншооти махсуси варзишӣ, аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ фаъолият доранд.
Ҳамзамон, дар 11 моҳи соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, дар маҷмӯъ, 59 иншооти варзишӣ, аз ин 14 толори варзишӣ, 37 майдончаи варзишӣ, 2 ҳавзи шиноварӣ ва 6 иншооти махсуси варзишӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи 13399,0 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Бо мақсади таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июли соли 2022, №305 “Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қарори Раиси вилоят аз 14-уми декабри соли 2022, №458 “Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расида, корбарӣ ба роҳ монда шудааст. Тибқи нақша дар вилоят то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва таъмиру азнавсозии 12 ҳазор иншооти таъиноти истеҳсолию иҷтимоӣ пешбинӣ гардида, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 12452 иншоот бунёд ва таҷдиду тармим гардида, нақшаи пешбинишуда 103,8 фоиз иҷро шудааст.
Мардуми сарбаланду меҳнатқарини вилоят бо ифтихори бузурги ватандорӣ, бо муҳаббат ва садоқату боварӣ сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Роҳбари давлатро пуштибонӣ намуда, бо меҳнати софдилона ва азму иродаи қавӣ дар таҳкими соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, боз ҳам ободу сарсабз гардидани диёри азизамон, пешгирии ҳама гуна зуҳуроту падидаҳои номатлуб, тарбияи ҷавонон ва насли наврас дар рӯҳияи ифтихор аз Ватани соҳибистиқлол ва худшиносии миллӣ саъю талоши комил менамоянд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят минбаъд низ ҷиҳати таҳким ва вусъати дастоварду комёбиҳо дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят тамоми тадбирҳоро меандешад.
Дар иҷлосия ҳамчунин масъалаҳои тасдиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2026–2030, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз 24 декабри соли 2024, №521 «Дар бораи қабули буҷети вилояти Суғд барои соли 2025», амалисозии тадбирҳо ҷиҳати дастгирии молиявии буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои алоҳида, қабули буҷети вилояти Суғд барои соли 2026, дар таҳрири нав тасдиқ намудани Низомномаи комиссияи доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баррасӣ шуд.
Аз рӯи масъалаҳои зикршуда маърӯза ва гузоришҳо шунида шуда, вакилон андешаву пешниҳодҳои худро иброз намуданд. Дар натиҷа, қарорҳои дахлдор қабул гардида, ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати онҳо ба сохторҳои масъул супоришҳои мушаххас дода шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




