Маросими ҷоизасупории Федератсияи футболи вилояти Суғд

22 декабр дар толори «Кохи Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд маросими ҷоизасупории Федератсияи футболи вилояти Суғд баргузор шуд, ки дар он беҳтаринҳои соли 2025 муаррифӣ шуданд.

Дар ин маросим Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаб Аҳмадзода, ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода ва директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиев ширкат варзиданд.

Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода нахуст ҳозиринро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик намуда, доир ба дастовардҳои футболи вилоят дар соли ҷорӣ маълумот дод. Таъкид гардид, ки бо дастгириҳои Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ футбол дар мамлакат рушд карда, футболбозони мо дар мусобиқоти сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ иштирок мекунанд. Дар вилояти Суғд низ ба рушди футбол таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир шуда, дастаҳои футболи вилоят мунтазам дастгирӣ карда мешаванд. 

Сипас, ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода сухан гуфта, таъкид кард, ки барои беҳтар намудани фаъолияти дастаҳои футболи кӯдакону наврасон, бонувон, футзал, клубҳои футболи касбии вилоят, ҷалб ва тарбияи доварони ҷавон аз ҷониби масъулин тадбирҳои саривақтӣ андешида шавад.

Дар маросим ба собиқадорони соҳа, беҳтаринҳои футболи наврасон, бонувон, футзал ва беҳтаринҳо аз рӯи натоиҷи чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи дуюм ҷоизаҳо тақдим гардид. 

Аз ҷумла, ба собиқадорон ва шахсони масъул Мансурҷон Ҳакимов, Шариф Расулов, Анвар Шукуров, Шуҳратҷон Умаров, Зайрулло Турсунов, Ибрагимов Шуҳратҷон, Алиҷонов Ином, Валерий Лобанов, Ахмедов Анвар, Гафуров Ҳасан, Дадобоев Абдумалик, Мансуров Носир, Дусматов Ғуфрон, Қурбонов Муҳамадҷон, Шарафҷон Дадоматов туҳфаҳои роҳбариияти вилоят супурда шуд. 

Сипас, ба беҳтаринҳои футболи вилояти Суғд дар соли 2025, аз ҷумла беҳтарин бозингар байни наврасон, беҳтарин мураббии футболи наврасон, беҳтарин омузгори тарбияи ҷисмонӣ, беҳтарин бозингар байни бонувон, беҳтарин мураббии футболи бонувон, беҳтарин бозингари футзал, беҳтарин довари футзал ва беҳтаринҳои Лигаи дуюм ҷоизаҳо тақдим карда шуд. 

Ҳамзамон, дар хотимаи ин чорабинӣ ба КФ “Парвоз” - и Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд медалҳои тиллои Ҷоми қаҳрамонии Лигаи якум тақдим гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд