
Имрӯзҳо дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои вилояти Суғд шумораи зиёди бозору марказҳои савдо фаъолият дошта, ҳазорон нафар бо ҷойи корӣ таъмин мебошанд.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорон ва харидорон ҶДММ «Камоли Хуҷандӣ», воқеъ дар шоҳроҳи Хуҷанд–Ғафуров марҳила ба марҳила навсозӣ мегардад.
Айни замон дар бозори мазкур тақрибан 1700 нафар соҳибкор ба тиҷорату савдо машғул мебошанд. Тибқи лоиҳа, бо сохтмони биноҳои нав барои соҳибкорону кормандон шароити муосиру муносиб фароҳам оварда мешавад.
Зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо лоиҳаи навсозии бозор таъкид гардид, ки биноҳои нав бо тарҳи замонавӣ ва мутобиқ ба талаботи стандартҳои хизматрасонӣ бунёд хоҳанд шуд. Ҳамзамон дар назди бозор сохтмони меҳмонхона, марказҳои хизматрасонӣ, толори ҳусн, таваққуфгоҳ, қаҳвахона, ошхона, бунгоҳи тиббӣ ва дигар иншооти ёрирасон дар назар аст.
Раиси вилоят ба масъулин ҷиҳати риояи қатъии талаботи техникаи бехатарӣ, бунёди гидрантҳои оташнишонӣ, фарохии роҳҳо барои ҳаракати нақлиёти санитариву оташнишонӣ, ташкили таваққуфгоҳҳо барои техникаи махсус ва афзоиши шумораи ҷойҳои нави корӣ барои соҳибкорон дастуру супоришҳо дод.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ҳамчунин бо лоиҳаҳои навсозии ҶСП «Ваҳдат» ва «Атуш» шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки дар бозорҳои зикршуда бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва беҳтар намудани шароити кор барои соҳибкорон, биноҳои наву замонавии савдо ва хизматрасонӣ бунёд карда мешаванд.
Зикр гардид, ки навсозии бозорҳои канори шоҳроҳи Хуҷанд–Ғафуров дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва соҳибкорон ҷиҳати дар сатҳи баланд ба анҷом расонидани корҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




