Шиносоӣ бо сохтмони биноҳои баландошёна дар шаҳраки Ғафуров

Дар Ҷамоати шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии ватанӣ сохтмони ду бинои 14 - ошёна бо маром идома дорад.

Зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ иттилоъ дода шуд, ки лоиҳа мутобиқ ба талаботи муосири шаҳрсозӣ таҳия гардида, дар назди биноҳо майдони алоҳида барои таваққуфгоҳи нақлиёт, майдончаи варзишӣ ва ҷойҳои бозии наврасон пешбинӣ шудааст.

Раиси вилоят ба раиси ноҳия ва роҳбарияти ширкатҳои сохтмонӣ ҷиҳати дар ҳудуди маҷмаа бунёд намудани кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, ҷойҳои сайру гашт, инчунин таъсиси фурӯшгоҳу марказҳои хизматрасонӣ дар қабати аввали биноҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Тибқи лоиҳа, дар ду бинои 14-ошёна 156 манзили истиқоматии 1, 2 ва 3-ҳуҷрагӣ сохта мешавад. Айни ҳол корҳои пардоздиҳии қисми берунии биноҳо идома дошта, ҳамзамон дар паҳлуи ин биноҳо сохтмони боз як бинои 16-ошёна дар назар аст.

Татбиқи чунин лоиҳаҳо ба беҳтар гардидани шароити зист ва рушди инфрасохтори иҷтимоии маҳал мусоидат хоҳад кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд