Шоири тоҷик бо унвони баланди «Доктори фахрии Созмон ва Академияи ҳифзи фарҳанг ва забонҳои Испания» сарфароз гардид

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода шоири шинохтаи тоҷик Гулноз Тоҳириёнро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот иттилоъ дода шуд, ки Гулноз Тоҳириён бо унвони баланди «Доктори фахрии Созмон ва Академияи ҳифзи фарҳанг ва забонҳои Испания» сарфароз гардонда шудааст. Ин унвони ифтихорӣ дар доираи саммити байналмилалие, ки дар шаҳри Мадриди Шоҳигарии Испания баргузор гардид, ба шоири тоҷик эҳдо шуд. Дар ҳамоиши мазкур наздик 100 нафар намояндагони адабу фарҳанги 37 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода Гулноз Тоҳириёнро бо ин дастоварди шоиста самимона табрик гуфта, таъкид намуд, ки чунин муваффақиятҳо нишонаи эътирофи ҷаҳонии фарҳангу адаби тоҷик буда, саҳми шоистаи эҷодкоронро дар муаррифии миллат ва забони тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ бозгӯ мекунад.

Зимни суҳбат ҳамчунин масъалаҳои рушди адабиёти муосир, дастгирии эҷодкорон ва нақши онҳо дар тарбияи маънавии ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифт. Раиси вилоят ба Гулноз Тоҳириён барору комёбиҳои нави эҷодӣ таманно намуда, изҳори умед кард, ки аҳли эҷод минбаъд низ номи Тоҷикистон ва адабиёти миллиро дар сатҳи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд хоҳанд бардошт.

Ёдовар мешавем, ки Гулноз Тоҳириён аз шоирони маъруфи кишвар буда, муаллифи китобҳои "Ашки ширин", "Аз нигоҳ то шеър", "Паовози дунё", "Шаб дар паси ман буд", "Пероҳане дар бод", "Чатри наҷоти садо", "Парандаҳои махмалӣ" ва ғайраҳо мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд