Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода беморонро аёдат намуд

Тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади дастгирии қишрҳои осебпазири ҷомеа Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд як қатор оилаҳои камбизоат ва дорои фарзандони маъюбро аёдат намуд.

Раиси вилоят аз ҷумла аз ҳоли Наргиза Турабоева, Моҳира Юсупова, Башорат Солибоева, Санҷидa Сабурова ва Машҳура Аҳмедова, ки фарзандони маъюб доранд, хабар гирифт. 

Зимни аёдат Раиси вилоят бо шароити зиндагӣ, вазъи иҷтимоиву тандурустии беморон шинос шуда, таъкид намуд, ки дастгирии чунин оилаҳо ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дорад.

Ба оилаҳои зикршуда аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кумакҳои моддӣ расонида шуда, ҳамзамон барои дастгирии минбаъдаи маъюбон ба сохторҳои дахлдор супоришҳои мушаххас дода шуд.

Аёдати чунин оилаҳо нишони равшани ғамхории давлату Ҳукумат нисбат ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа, аз ҷумла маъюбон мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд