Ҷаласаи кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи вилояти Суғд

Дар Қасри варзиш таҳти роҳбарии Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаб Аҳмадзода ҷаласаи кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи вилоят баргузор гардид.

Дар ҷаласа омодагии дастаҳои лигаи олӣ ба мавсими нави футбол, интихоби саривақтии ҳайати мураббиён ва бозингарон, инчунин рушди футзал, футболи кӯдакон ва наврасон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зикр шуд, ки бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ футбол дар кишвар сол ба сол рушд меёбад. Бунёди варзишгоҳҳо ва майдончаҳои замонавӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба густариши оммавияти футбол мусоидат мекунад.

Таъкид гардид, ки варзишгарони вилоят дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, осиёӣ ва ҷаҳонӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар майдонҳои бузурги ҷаҳон парафшон намуда истодаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати рушди варзиш тадбирҳои заруриро амалӣ карда, барои рушди футболи касбӣ, футболи кӯдакону наврасон, бонувон ва футзал минбаъд низ аз тамоми имкониятҳо истифода менамояд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд