Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Конибодом

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он масъулини сохторҳои дахлдори вилоят, роҳбарият ва фаъолони шаҳр ширкат варзиданд.

Дар ҷаласа асосан рафти иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифт.

Зимни таҳлили вазъи соҳаҳо таъкид гардид, ки ба масъалаҳои ободонӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, беҳтар намудани сатҳи таълиму тарбия, рушди хизматрасонии тиббӣ, пешрафти иқтисодии шаҳр ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳи махсус дода шавад.

Ба роҳбарияти шаҳр дастур дода шуд, ки барои иҷрои саривақтии супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда шавад. 

Раиси вилоят таъкид намуд, ки танҳо бо заҳмати ҷиддӣ ва ҳамбастагӣ байни мақомоти иҷроия, хоҷагидорон ва аҳолӣ метавон рушди устувори шаҳрро таъмин кард ва сатҳи зиндагии мардумро боз ҳам беҳтар намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд