
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Конибодом бо фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсолӣ аз наздик шинос гардид.
Дар ҷараёни боздид нахуст Раиси вилоят бо фаъолияти коргоҳи коркарди пахтаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пахтаи Ориён» шинос шуд. Зикр гардид, ки шаҳри Конибодом яке аз минтақаҳои асосии истеҳсолкунандаи «тиллои сафед» ба шумор рафта, фаъолияти бомароми корхонаҳои пахтатозакунӣ дар дастгирии хоҷагидорон ва рушди соҳаи пахтапарварӣ нақши калидӣ дорад. Айни замон пахтаҳои қабулшуда аз ҷониби масъулони «Пахтаи Ориён» ба коркарди минбаъда фаро гирифта шудааст.
Ҳамзамон Раиси вилоят бо фаъолияти корхонаи коркард ва бастубанди меваи хушк- ҶДММ «Неруи Канд» шинос шуд. Корхонаи мазкур яке аз корхонаҳои муваффақи шаҳр маҳсуб ёфта, меваи хушкро коркард, бастубанд ва содирот мекунад. Барои иҷрои корҳо дар корхона 25 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд.
Аз иқдомҳои намунавии соҳибкорон дар ин корхона насби панелҳои офтобӣ ва ба роҳ мондани фаъолияти истеҳсолӣ бо истифода аз нерӯи барқ аз офтоб мебошад, ки ба таъкиди масъулон самаранокии иқтисодиро хеле баланд кардааст.
Раиси вилоят барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва содироти он ба хориҷи кишвар тавсияҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




