Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар шаҳри Конибодом

Дар шаҳри Конибодом корҳои бунёду навсозии иншооти соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш вусъат ёфта, дар доираи ин тадбирҳо майдончаи хурди футбол дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 ба истифода дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи майдончаи варзишӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иштирок намуда, иброз дошт, ки рушди соҳаи варзиш ва фароҳам овардани шароити мусоид барои машғулияти наврасону ҷавонон яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад. Ба таъкиди роҳбари вилоят ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву созандагӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо маром идома доранд.

Гуфта шуд, ки бунёди чунин иншооти варзишӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои ҷалби хонандагон ба тарзи ҳаёти солим, рушди қобилияти ҷисмонӣ ва тарбияи рӯҳияи солим заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳамзамон, ифтитоҳи толори варзишӣ дар назди МТМУ №6 низ далели таваҷҷуҳи рӯзафзуни масъулон ба рушди инфрасохтори варзишӣ дар шаҳри Конибодом мебошад.

Таъкид гардид, ки майдончаи варзишии назди МТМУ №24 бо ташаббуси хатмкардагони муассисаи мазкур бунёд шуда, бо тамоми шароити зарурӣ барои баргузории бозии футбол муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ин иқдом ҳамчун намунаи хуби саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатманд дар корҳои ободонӣ арзёбӣ гардид.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба наврасону ҷавонон туҳфаҳо тақдим шуда, изҳори боварӣ карда шуд, ки онҳо бо таҳсили хуб, азхуд намудани донишҳои муосир ва машғул шудан ба варзиш дар оянда барои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар саҳми шоиста мегузоранд ва номи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ хоҳанд кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд