Шиносоӣ бо сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Конибодом

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Конибодом бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар иншооти ҷашнӣ шинос гардид.

Дар шаҳри Конибодом таъмири куллии шуъбаи ҷарроҳии калонсолони Беморхонаи марказии шаҳр идома дошта, пас аз анҷоми пурраи корҳои сохтмонӣ ин шуъба бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурии муосири тиббӣ таъмин мегардад.

Шуъбаи мазкур дорои 25 кат буда, навсозии он ба беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат хоҳад кард. Ҳамчунин зикр гардид, ки то имрӯз бинои чорқабатаи беморхонаи кӯдакона, шуъбаи ҷарроҳии кӯдакона ва шуъбаи таваллуди беморхонаи марказӣ пурра аз таъмир бароварда шуда, айни ҳол дар шуъбаҳои осебшиносӣ ва наҷот корҳои таъмиру навсозӣ идома дорад.

Дар идомаи сафар Раиси вилоят бо ҷараёни бунёди утоқҳои кории иловагӣ ва толори маҷлиси шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом шинос гардид.

Лоиҳаи ин иншоот мутобиқ ба талаботи замони муосир таҳия шуда, он дорои 16 ҳуҷраи корӣ ва толори маҷлис бо 100 ҷойи нишаст мебошад. 

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни шиносоӣ ба масъулин ҷиҳати иҷрои босифат ва саривақтии корҳои сохтмонӣ, риояи меъёрҳои техникию сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд