
Бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ ва фаровонӣ дар бозорҳо дар вилояти Суғд ба фаъолияти гармхонаҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.
Кишту парвариши зироат дар шароити гармхона, имкон медиҳад, ки давоми фаслҳои зимистону баҳор талаботи бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, аз ҷумла помидору бодиринг таъмин карда шавад.
Давоми солҳои охир дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар баробари гармхонаҳои маъмулӣ майдони гармхонаҳои инноватсионӣ зиёд гардида, дар самти кишту парвариши зироат ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ деҳқонон аз роҳу усулҳои нав ва технологияи замонавӣ истифода мебаранд.
Бунёд гардидани гармхонаҳои иноватсионӣ дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Конибодм ва Исфара аз таҷрибаи самаровари хоҷагидорони вилоят ба ҳисоб рафта, бо амалӣ гардидани ин тадбир маълум шуд, ки истифодаи технологияи муосир дар шароити гармхона боиси фаровонҳосилӣ мегардад.
Ҳамзамон дар вилояти Суғд сокинон дар заминҳои наздиҳавлигии худ гармхонаҳои хурду миёна бунёд намуда, бо истифода аз роҳу усулҳои пешрафта ва таҷрибаи озмудашудаи деҳқонони номдор зироати гуногуни кишоварзиро кишту парвариш менамоянд.
Дар вилоят сокинони деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов, Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов таҷрибаи шоистаи истифодаи замини наздиҳавлигӣ доранд. Аксари сокинони деҳоти зикршуда дар фаслҳои зимистону баҳор парвариши сабзавот ва кабудиҳоро дар шароити гармхона ба роҳ монда, дар таъмини бозори дохилӣ саҳми назаррасу шосита мегузоранд.
Ёдовар мешавем, ки дар вилояти Суғд дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ зиёда аз 500 гармхонаи хурду калон мавҷуд буда, дар фаслҳои зимистону баҳор манбаи асосии таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ ба ҳисоб мераванд.
Ба таъкиди кишоварзон, дар оянда низ раванди парвариши сабзавот ва дигар намуди зироат дар гармхонаҳо тақвият бахшида мешавад ва хоҷагидорон бо истеҳсоли маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ дар таъмини бозори истеъмолӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




