Дар “Мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор” майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд

Тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ба беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва фароҳамсозии имконоти мусоид барои кӯдакони ятиму бепарастор таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Бӯстон аз Муассисаи давлатии “Мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор” боздид намуда, бо шароити таҳсилу зиндагӣ ва дигар имконоти мавҷудаи муассиса шинос шуд.

Тавре масъулони муассиса иттилоъ доданд, айни замон 123 нафар хонанда дар мактаб-интернат ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Барои онҳо омӯзгорони соҳибтаҷриба, мураббиён, кормандони тиббӣ ва техникии муассиса хизмат мерасонанд.

Зикр гардид, ки кӯдакон пайваста зери ғамхориҳои Пешвои миллат қарор дошта, аз шароити хуби таҳсилу зиндагӣ бархурдор ҳастанд.

Бо мақсади истифодаи самараноки замин ва ташвиқи хонандагон ба меҳнат дар ҳудуди муассиса гармхона бунёд шудааст. Дар он навъҳои гуногуни сабзавот парвариш ёфта, хонандагон ҳамзамон ба корҳои амалӣ ҷалб мегарданд.

Ҳамчунин, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва саҳми шарикони рушд дар ҳудуди муассиса майдончаи варзишии нав ба истифода дода шуд. Иншооти мазкур дар масоҳати 800 метри мураббаъ сохта шуда, дар паҳлӯи он 11 адад таҷҳизоти варзишӣ насб гардидааст, ки акнун тарбиягирандагон барои машқу тамрин аз онҳо истифода мекунанд. 

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни ифтитоҳи иншооти варзишӣ таъкид кард, ки баҳри фароҳамсозии шароити мусоид барои кӯдакони ятим минбаъд низ тадбирҳои муассир амалӣ карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд