
Рушди соҳаи тандурустӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи давлат қарор дошта, дар давраи соҳибистиқлолӣ бо дастгирӣ ва ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд садҳо муассисаҳои муосири тиббӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Дар идомаи чунин иқдомҳои созанда ва дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода санги асоси бинои нави Маркази перинаталии вилояти Суғд гузошта шуд. Ин марказ нахустин иншооти махсусгардонидашуда дар самти нигоҳдории саломатии модару кӯдак дар вилоят аст.
Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода зимни суҳбат бо кормандони соҳаи тиб таъкид кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар доираи нақшаи корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба бунёди иншооти соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Чанде пеш бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон биноҳои нави Маркази саратоншиносии вилояти Суғд, Маркази эндокринологии вилояти Суғд, Беморхонаи клиникавии шаҳрии рақами 1 бо беҳтарин шароит ба истифода дода шуд. Айни замон сохтмони биноҳои нав дар Беморхонаи клиникии бачагонаи вилояти Суғд, Маркази микроҷарроҳии чашми вилояти Суғд, Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ ва ғайраҳо идома дорад, ки гувоҳи таваҷҷуҳи давлат ба соҳаи тандурустӣ ва таъмини солимии аҳолӣ мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки Маркази нави перинаталӣ аз 7 ошёна, 10 шуъба ва 300 кати хоб иборат буда, он бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёд мегардад. Дар баробари фаъолияти шуъбаҳои асосӣ, дар ин бино Маркази ҷарроҳии бемориҳои асаб низ ҷойгир карда мешавад.
Лоиҳаи иншоот бо тарҳи муосир таҳия шуда, барои иҷрои ҳамаи талаботи зарурии ташхису табобат ва парастории занон баъди таваллуд ва навзодон пешбинӣ гардидааст.
Ин марказ дар ҳудуди Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ҷойгир мешавад, то табибони соҳибтаҷрибаи беморхона тавонанд сари вақт ба беморони бистаришудаи марказ хизмат расонанд.
Ба истифода додани Маркази перинаталии вилояти Суғд на танҳо сатҳи хизматрасонии тиббиро боло мебарад, балки даҳҳо ҷойи нави корӣ низ фароҳам меорад. Табибон ва кормандони Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд барои чунин иқдоми созанда ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипoсу миннатдорӣ баён карданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




