
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо рафти сохтмони маҷмааи истиқоматии «Темурмалик» шинос шуд.
Аснои шиносоӣ таъкид карда шуд, ки ҳангоми бунёди иншооти нав бояд дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла истифодаи унсурҳои меъмории миллӣ, насби панелҳои офтобӣ ва фароҳам овардани шароити муосир барои сокинон ҳатман риоя карда шаванд.
Масъулин иттилоъ доданд, ки маҷмааи истиқоматии бисёрошёнаи «Темурмалик» бо ҷалби сармоя дохилӣ ва хориҷӣ ва бо истифода аз таҷрибаи пешрафтаи меъморӣ сохта мешавад. Дар ҷараёни тарҳрезӣ тамоми талаботи замони муосир ба назар гирифта шудааст.
Дар баробари манзилҳои истиқоматӣ, дар ин маҷмаа маҷмӯи инфрасохтори зарурӣ барои зиндагӣ ва фароғати шаҳрвандон пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла, бунёди ҳавзи шиноварии пӯшида, ҳаммом, толори фитнес, таваққуфгоҳи зеризаминӣ, боғчаи кӯдакона, майдончаҳои бозии кӯдакон, мавзеи фароғатии калонсолон ва ҷойҳои истироҳатӣ дар назар аст.
Масоҳати умумии маҷмаа 18 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, тибқи лоиҳа хонаҳо аз якҳуҷрагӣ то панҷҳуҷрагӣ бунёд мегарданд.
Дар маҷмуъ, барои сокинон 650 хонаи замонавӣ пешниҳод хоҳад шуд.
Корҳои сохтмонӣ мувофиқи нақша идома дошта, масъулин таъкид менамоянд, ки ин маҷмаа яке аз лоиҳаҳои муҳим дар самти таъмини аҳолӣ бо манзил мебошад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




