
Бо мақсади истиқбол аз ҷашни фархундаи миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои ободониву созандагӣ босуръат идома дорад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз як қатор иншооти бунёдшаванда дар шаҳри Хуҷанд боздид намуда, бо ҷараёни татбиқи лоиҳаҳо шинос шуд.
Зимни боздид аз сохтмони гузаргоҳи зеризаминие, ки дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ ҷараён дорад, Раҷаб Аҳмадзода дастур дод, ки иҷрои корҳои сохтмонӣ таҳти назорати доимӣ қарор дода шавад.
Сипас, роҳбари вилоят бо бунёди маҷмааҳои истиқоматии баландошёна дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ ва хиёбони ба номи Раҳмон Набиев шинос гардид. Аз ҷониби ширкати сохтмонии “Қудрат-2010” дар хиёбонҳои зикршуда биноҳои баландошёна сохта шуда, барои зиндагии сокинон шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Зимни шиносоӣ ҷиҳати насби панелҳои офтобӣ ва дар биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ба масъулин дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд. Раиси вилоят роҳбарияти ширкатро вазифадор намуд, ки дар ин самт тадбирҳои муҳим андешида, истифодаи технологияҳои муосири сарфакорро ба роҳ монанд.
Ба гуфтаи мутахассисон панелҳои офтобӣ дастгоҳҳое мебошанд, ки энергияи офтобиро ба неруи барқ табдил дода, ҳамчун манбаи тозаву дастрас истифода мешаванд. Коршиносон таъкид мекунанд, ки истифодаи таҷҳизоти офтобӣ хароҷоти худро дар муддати 3–4 сол пурра ҷуброн карда, солҳои зиёд ба сокинон хизмат мерасонад.
Қобили зикр аст, ки ширкати сохтмонии “Қудрат-2010” дар маркази вилояти Суғд як қатор лоиҳаҳои муҳими сохтмонии маҷмааҳои истиқоматиро амалӣ намуда истодааст. Айни ҳол дар иншооти аз ҷониби ширкат сохташаванда беш аз 150 нафар ба корҳои сохтмонӣ ҷалб гардида, корҳо бо суръат ҷараён дорад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




