
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон бо фаъолияти коргоҳи коркарди моҳӣ шинос шуд.
Марвиди зикр аст, ки коргоҳи мазкур моҳи апрели соли 2024 дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардида буд. Барои фаъолияти босамари коргоҳ масъулини Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Таъминоти моҳӣ”-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Корпаратсияи “Моҳии тоҷик” ҳамкории босамар доранд. Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳ иқтидор дорад, ки дар як баст 1 тонна моҳиро коркард намуда, беш аз 5000 қуттӣ консерваи моҳӣ истеҳсол намояд.
Қобили зикр аст, ки ин коргоҳ бо мақсади таъмини сохторҳои низомӣ ва бозори дохилӣ бо консерваи моҳӣ таъсис дода шудааст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба масъулини коргоҳ ва дигар шахсони дахлдор супориш дод, ки бо истифода аз шароити мавҷуда ҳаҷми истеҳсолро зиёд намоянд.
Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Таъминоти моҳӣ”-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои судманд андешида, барои афзун намудани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Зеро дар вилояти Суғд хоҷагиҳои моҳипарварӣ зиёд буда, ин ҳамкорӣ дар оянда самари бештар медиҳад.
Маълум аст, ки моҳипарварӣ аз бахшҳои сердаромад ба шумор рафта, обу иқлими Тоҷикистон барои пешрафти ин соҳа мусоид дониста мешавад. Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ташаббусҳои соҳибкорону хоҷагиҳои моҳипарварро дар мавриди такон бахшидан ба рушди соҳа ҳамеша дастгирӣ мекунад. Ҳамин аст, ки дар шаҳру ноҳияҳо шумораи хоҷагиҳои моҳипарвар зиёд ва ҳаҷми истеҳсоли гӯшти моҳӣ сол аз сол бештар мегардад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




