
Дар шаҳри Хуҷанд корҳои сохтмонии бинои нави Муассисаи давлатии “Қароргоҳи Сарвари давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд” расман оғоз гардид.
Маросими гузоштани санги асос бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва аҳли зиё баргузор шуд.
Тибқи лоиҳа иншоот аз таҳхона ва чор ошёна иборат хоҳад буд. Дар таҳхона таваққуфгоҳ, нуқтаҳои санитарӣ ва ҳуҷраҳои техникии хизматрасонӣ ҷойгир мешаванд. Дар ошёнаҳои болоӣ бошад, осорхонаи Пешвои миллат, толорҳои универсалӣ ва маҷлисгоҳ, толорҳои музокирот ва нишасти матбуотӣ, меҳмонхона ва дигар утоқҳои зарурӣ пешбинӣ шудааст. Бино бо санъати баланди меъмории миллӣ бунёд меёбад.
Лоиҳаи сохтмонро Маркази амалигардонии “Равзанаи ягона, мониторинг ва кадастри шаҳрсозӣ”-и Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе таҳия намуда, фармоишгар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва пудратчӣ ширкати сохтмонии “Евростройсервис” мебошанд.
Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода зимни сӯҳбат таъкид кард, ки ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд корҳои ободониву созандагӣ вусъат меёбанд. То имрӯз дар вилоят 12 ҳазору 66 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, иҷрои нақша 100,5 фоиз таъмин шудааст. Тибқи нақша, то моҳи сентябри соли 2026 боз ҳазорҳо иншооти дигар бунёд хоҳад шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




