
Дар вилояти Суғд бо мақсади бе мушкилӣ сипарӣ намудани фасли сармо ва таъмини фаъолияти муназзаму самарабахши соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва раванди омодагиҳо ба зимистон шинос гардид.
Зимни боздид аз беморхонаи клиникавии бачагонаи вилоятӣ иттилоъ дода шуд, ки аз нақша зиёд ангишт захира гардида, маркази гармидиҳии муассиса барои фаъолият пурра омода аст. Беморхонаи мазкур яке аз калонтарин муассисаҳои тиббии вилоят ба ҳисоб рафта, дорои 12 шуъбаи ташхисию табобатӣ буда, 290 кат дорад. Биноҳои муассиса тавассути маркази гармидиҳии худӣ гарм карда мешаванд.
Раиси вилоят таъкид намуд, ки барои бе мушкилӣ гузаронидани фасли сармо маводи доруворӣ, хурока ва сӯзишворӣ аз нақша зиёд захира карда шавад.
Ҳамчунин Раҷаб Аҳмадзода аз Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилоят дидан намуда, бо ҷараёни омодагиҳо ба зимистон шинос гардид. Зикр шуд, ки марказ дар мавсими сармо бо гази табиӣ гарм карда мешавад. Корҳои омодагӣ дар маркази гармидиҳӣ анҷом ёфта, дар ин муассиса низ маводи хӯрока, ангишт ва лавозимоти зарурӣ захира гардидааст.
Дар ҷараёни боздид Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят Турсунбой Раҳматовро аёдат намуд. Раиси вилоят аз ғамхориҳои давлату Ҳукумат нисбат ба собиқадорон ёдовар шуда, ба ӯ саломатии бардавом орзу намуд.
Ҳамзамон ба масъулини соҳаи тандурустӣ супориш дода шуд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ, истифодаи усулҳои нави ташхису табобат ва татбиқи ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҳои амалӣ андешанд.
Раиси вилоят ҷалби мутахассисони ҷавонро ба муассисаи тиббӣ як падидаи нек арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки ҷавононе, ки дар кишварҳои пешрафта таҷриба андӯхтаанд, бо навовариҳо шинос гардида, таҷҳизоти муосирро хуб мефаҳманд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025–2026 ситоди вилоятӣ таъсис ёфта, раванди омодагиҳо зери назорати доимии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қарор дорад. Дар ин замина ба захираи ангишту ҳезум, ба кор даровардани дегхонаҳо ва марказҳои гармидиҳӣ, таъмиру оинабандии иншоот ва иҷрои дигар тадбирҳои муҳим таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




