
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати ҳафтум баргузор шуд.
Раиси вилояти Суғд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Раҷаб Аҳмадзода дар оғоз иттилоъ дод, ки дар кори иҷлосия вакилони халқ, муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони сохторҳои вилоятӣ, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаву раёсатҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, ҷавонон ва варзиш, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва намояндагони шаҳру ноҳияҳо иштирок доранд.
Дар кори иҷлосия 8 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз рӯйи масъалаи аввал раиси комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати ҳафтум Муҳаммад Исомаддинзода маълумот пешниҳод намуд. Ба иттилои ӯ, рӯзи 17 августи соли равон дар ҳавзаҳои интихоботии "Панҷакент" №23 ва "Гули Сурх" №33 интихобот баргузор гардида, Умед Ҳабибзода ва Далер Аббосзода вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят интихоб шуданд.
Сипас, муовини Раиси вилоят Ҷамшед Ҷӯразода доир ба рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025" маъруза намуд.
Таъкид гардид, ки бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳукмфармо буда, барои пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои ифротгаро корҳои зиёди тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудаанд.
Тибқи нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳо дар соли 2024 беш аз 10 ҳазор вохӯрӣ ва суҳбатҳо доир карда шуда, инчунин 521 конференсия, семинар ва мизҳои мудаввар дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои дахлдор баргузор гардиданд. Вобаста ба масъалаи мазкур маводи зиёде дар матбуот, телевизион ва радио нашр шудааст.
Муовини Раиси вилоят таъкид кард, ки терроризм ва экстремизм вабои аср эътироф гардида, мубориза бо он танҳо бо ҳамкории дастҷамъона имконпазир аст. Дар шароити рушди босуръати техника ва технология гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода бурда, ҷавононро тавассути таблиғоти бардурӯғ ба сафҳои худ ҷалб мекунанд. Камсаводӣ ва надонистани арзишҳои миллӣ, таърихӣ ва динӣ сабаби фирефта шудани бархе аз ҷавонон мегардад.
Ҳамзамон, чанде аз вакилони халқ ба музокирот баромада, мубориза бо зуҳуроти ифротгароиро муборизаи умумӣ арзёбӣ намуда, зарурати фаъол намудани корҳои фаҳмондадиҳиро дар миёни қишрҳои осебпазир таъкид карданд.
Дар мҷлосия инчунин ҳисоботи комиссияи доимӣ оид ба масъалаҳои иқтисод ва молияро шунида шуд. Раиси комиссия Фирдавс Шарифзода доир ба масъалаҳои иқтисодӣ маълумоти муфассал дод ва вакилон аз рӯи ин масъала қарори дахлдорро қабул карданд.
Дар идома муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ оид ба номгузории объектҳои физикиву ҷуғрофӣ гузориш дод. Мувофиқи пешниҳоди вакилони халқ мактаби миёнаи №64 шаҳри Истаравшан ба номи Нуъмон Юнусов ва Гимназияи №1 ноҳияи Шаҳристон ба номи Аминҷон Обидов номгузорӣ карда шуд.
Вакилони халқ қарорҳои марбут ба масъалаҳои кадриро низ тасдиқ карданд.
Дар охир Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода ба масъулини сохторҳои вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо барои вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатӣ, ҷамъоварии саривақту беталафи ҳосили кишоварзӣ ва пахта, таъмини нақшаи кишти тирамоҳӣ, ба кор даровардани иқтидорҳои бозмонда, таъмини хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ, иҷрои босифати андозҳо, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва хизматрасонии тиббӣ, мубориза бо зуҳуроти номатлуб ва тарғиби арзишҳои миллӣ супоришҳо дод.
Бо қабули қарорҳои дахлдор аз рӯи масъалаҳои баррасишуда иҷлосия ба анҷом расид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




