
Имрӯзҳо ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Хуҷанд тибқи нақша бо маром идома дорад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо раванди корҳои сохтмонӣ дар як қатор иншооти муҳим шинос гардид ва барои суръатбахшии корҳои ободонӣ супоришҳои мушаххас дод.
Чуноне мушоҳида карда шуд, айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд бо суръат идома доранд. Баъди ба истифода дода шудани иншоот, шароити кории кормандон беҳтар гардида, барои амалӣ гардидани ҳадафҳои созанда имкониятҳои нав фароҳам хоҳад шуд.
Корҳои сохтмонии биноҳои нави беморхонаи саратоншиносӣ, Маркази эндокринологӣ, беморхонаи шаҳрии рақами 1 ва беморхонаи клиникавии кӯдаконаи вилоятӣ низ тибқи нақша идома дорад. Иншооти нав дар баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ нақши муҳим хоҳанд бозид.
Раиси вилоят аснои боздид масъулинро вазифадор намуд, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд ва иншоотҳоро дар муҳлати муқарраргардида ба истифода супоранд.
Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода инчунин бо сохтмони иншооти соҳаи маориф-мактабу кӯдакистонҳои нав, бинои Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд, корхонаи ҶДММ «Донаи Алмос» дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», бинои истиқоматии баландошёна барои мутахассисони ҷавон шинос гардида, дастур дод, ки корҳои ободониву созандагӣ дар тамоми мавзеъҳои шаҳр вусъат бахшида шаванд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




