
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ тадбирҳои муҳим ва самарабахш амалӣ мешаванд.
Дар Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд шуъбаи ташхис ва ҷарроҳии рентгенэндоваскулярӣ бо истифода аз усулҳои инноватсионии Маркази тиббии «Синапс» ба фаъолият оғоз намуд.
Зимни шиносоӣ ба Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода маълумот дода шуд, ки дар ин шуъба бо истифода аз таҷҳизоти муосири тиббӣ як қатор амалиёти мураккаби ташхису табобатӣ, аз ҷумла ангиография, стенгузорӣ, муолиҷаи бемориҳои майнаи сар ва дигар бемориҳо, бо усулҳои нав ба роҳ монда мешаванд. Ин имконият медиҳад, ки ташхис ва табобат дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд анҷом ёбад.
Айни ҳол дар шуъбаи мазкур 20 нафар мутахассисон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суҳбат таъкид намуд, ки табибону мутахассисони ҷавон бояд барои такмили дониш ва таҷрибаомӯзӣ ба кишварҳои пешрафта фиристода шаванд. Ӯ зикр кард, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ имрӯз Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон робитаҳои дӯстона ва ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст, ки ин барои рушди соҳаи тандурустӣ ва табодули таҷриба имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.
Бо назардошти фаро расидани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025–2026, дар ҳамаи муассисаҳои соҳаи тандурустии вилояти Суғд омодагии ҳамаҷониба дида шудааст. Ба иттилои масъулин, дар Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд тамоми шароит барои бе мушкил сипарӣ кардани мавсими сармо муҳайё мебошад. Ҳамчунин, бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор шуъбаҳои таъмирталаби беморхона пурра навсозӣ ва аз таъмири асосӣ бароварда шуда, шароити хизматрасонии тиббӣ боз ҳам беҳтар мегардад.
Раиси вилояти Суғд зимни мулоқот бо кормандони соҳа иброз дошт, ки бо дастгирии Пешвои миллат тамоми самтҳои ҳаётан муҳими кишвар, аз ҷумла соҳаи тандурустӣ, рушд ёфта, дастовардҳо сол аз сол бештар мешаванд. Дар зимн аз масъулин ва кормандони соҳаи тиб даъват карда шуд, ки дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо сатҳу сифати хизматрасонии тиббиро баланд бардошта, бо масъулияти баланд хизмат намоянд.
Таъкид гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳамасола барои харидории доруворӣ, маводи ғизоӣ барои беморон, таъмиру навсозии шуъбаҳо ва ворид намудани таҷҳизоти нави тиббӣ маблағҳои заруриро ҷудо менамояд.
Ҳадафи асосӣ аз чунин тадбирандешиҳо солим нигоҳ доштани ҷомеа, фароҳам овардани шароити муосири ташхису табобат, ҳамқадами замон будан ва истифодаи технологияҳои пешрафтаи тиббӣ мебошад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




